Тоҷикӣ | Русский | English  

Конфронс дар масоили об ва брифинги Сафорати Тоҷикистон дар Белгия оид ба Конфронси қарибулвуқуъи Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор 2018-2028”

9 июни соли 2018 бо ибтикори Маркази Аврупоии таҳқиқоти байналмилалӣ ва стратегӣ (CERIS) инчунин Маркази ҳаллу фасли бӯҳронҳои байналмилалӣ (CECRI) ва иштироки фаъоли Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Белгия дар қароргоҳи Донишгоҳи озоди Брюссел конфронси “Геополитикаи об, чолишҳои рушд ва фанновариҳои ҷадид: ба сӯи парадигмаи нави геополитикӣ?” баргузор гардид, ки дар он таҳлилгарони масоили сиёсӣ, мутахассисони соҳаи об, донишмандони донишгоҳҳои мухталиф, намояндагони корпуси дипломатӣ ва васитаҳои ахбори умум ширкат намуданд.

Конфронсро Сафир Ян де Бок, Президенти CERIS ҳусни оғоз бахшида, Вазири давлатӣ Андре Флоҳот бо суханронии ифтитоҳӣ баромад кард.

Мавзӯи суханронии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои Бенилюкс ва Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозодаро вазъи муосири ҳаллу фасли масоили об дар минтақа ва талошу кӯшишҳои Тоҷикистон дар ин замина ташкил дод.

Баъд аз муаррифии мавзуъи болозикр Сафир муфассалан дар бораи Конфронси қарибулвуқуъи сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор 2018-2028” иттилоъ пешниҳод намуда, аз ширкаткунандагони Конфронс ва намояндагони воситаҳои ахбори умум даъват ба амал овард, ки дар кори Конфронси Душанбе ширкати фаъол ҷӯянд ва дар муаррифии ҳадафҳои наҷибу шоистаи он ва натоиҷи матлубаш саҳм бигиранд.

Ба ҳамаи ширкаткунандагон ва рузноманигорони сершумор бастаи маводҳои Конфронси Душанбе тавзеъ карда шуд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj