Тоҷикӣ | Русский | English  

Оғози ҷараёни иваз намудани шаҳодатномаҳои ронандагӣ дар шаҳри Москва

Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз 2 феврали соли 2018 хизматрасонии навро доир ба иваз намудани шаҳодатномаҳои ронандагии нусхаи куҳна ба шаҳодатномаҳои ронандагии нусхаи нави биометрӣ, ба роҳ мондааст.

Минбаъд ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия қарор доранд, имконият фароҳам шуд, то дар қаламрави Федератсияи Россия шаҳодатномаи ронандагии намунаи нави биометриро дастрас намоянд.

Барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагии намунаи нави биомерӣ, шаҳрвандон бояд ба Хадамоти консулии Сафорат ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунанд:

- маълумотномаи тиббӣ;

- нусхаи шиносномаи дохилӣ ё хориҷӣ;

- шаҳодатномаи ронандагӣ;

- расиди пардохти маблағ ($100).

Муҳлати омода гардидани шаҳодатномаи ронандагии намунаи нави биометрӣ 14 рӯзи кориро дар бар мегирад.

Бартарияти шаҳодатномаи ронандагии намунаи нави биометрӣ дар қаламрави Федератсияи Россия дар он аст, ки дорандаи он метавонад бо супоридани 3 имтиҳон соҳиби шаҳодатномаи ронандагии Федератсияи Россия гардад:

1) назарияи қоидаҳои ҳаракати роҳ;

2) рондани автомобил дар майдони махсус (автодром);

3) рондани автомобил дар шаҳр.

Шаҳодатномаҳои ронандагии намунаи нави биометрӣ мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ омода гардида, муҳлати истифодаи он 10 сол аст.

Дорандаи шаҳодатномаи ронандагии намунаи нави биометрӣ дар асоси стандартҳои байналмилалӣ, метавонад онро дар қаламрави 166 кишвари дунё истифода барад.











© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj