Тоҷикӣ | Русский | English  

Брифинг бахшида ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал Об барои рушди устувор, 2018-2028

7 июни соли 2018 брифинги Сафорати Тоҷикистон дар АМА бахшида ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал Об барои рушди устувор, 2018-2028 баргузор гардид.

Дар брифинг намояндагони воситаҳои ахбори оммаи АМА, аз ҷумла Агентии иттилооти Аморот “ВАМ”, рузномаҳои “Ал Иттиҳод”, “Галф  Нюз”,  маҷаллаи “Абу Забӣ оид ба муҳити зист”, ва “Ал Халиҷ” иштирок намуданд.

Варақаи иттилоотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон роҷеъ ба конфронс, ҳамчунин Дувумин иттилоия оид ба  ин нишасти муҳими байналмилалӣ бо забонҳои арабӣ ва англисӣ миёни иштирокдорони брифинги матбуотӣ паҳн гардид.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj