Тоҷикӣ | Русский | English  

Идомаи сафари кории Президент дар вилояти Хэнани Ҷумҳурии Мардумии Чин ва мулоқот бо Губернатори вилоят Чен Рунер

10 июни соли 2018 пас аз иштирок дар Ҷаласаи шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ҷенҷоуи вилояти Хэнани Чин ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Ҷенҷоу меҳмони олимақом, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми ҳукумати вилояти Хэнан гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Дар доираи сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо Губернатори вилояти Хэнан Чен Рунер мулоқот карда, масъалаҳои ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Чинро баррасӣ карданд.

Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки мо аз рушди ҳамкории гуногунҷанба бо кишвари дӯсту ҳамсояи Чин қаноатмандем ва дар байни онҳо  ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳо ҷойгоҳи муҳим дорад.

Ҷонибҳо зимни суҳбати самимӣ вазъи ҳамкории шарикию стратегиро баррасӣ карда, ба масъалаи амалисозии пурсамари Ёддошти татбиқи муштараки ташаббуси Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим, ташаббуси “Як камарбанд - як роҳ”, “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон дар давраи то соли 2030” ва Барномаи ҳамкории байни Тоҷикистону Чин таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Сарвари давлат ҷалби сармояи чинӣ ва ширкатҳои ин кишварро баҳри истифодаи захираву имкониятҳои фаровони неъматҳои моддӣ барои ҳар ду ҷониб судманд арзёбӣ намуданд.

Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои коркарди саноати куҳӣ, химия, саноати сабуку бофандагӣ, бахшҳои кишоварзиву саноат, ҳамчунин истифодаи самараноки захираҳои ғании гидроэнергетикиву минералии кишвари мо аз самтҳои ояндадори муносибатҳои ҳамкорӣ номида шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин дигар масъалаҳои равобити ду кишвар, аз қабили таъсис додани муассисаҳои муштараки парвариши навъҳои нави маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, ҷуворӣ ва гандумро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд.

Тавсеаи равобити дуҷониба дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, сайёҳӣ, варзиш, куҳнавардӣ, табобатӣ, этникӣ ва рушди шикори байналмилалӣ дар Тоҷикистон, аз самтҳои барои ҳар ду ҷониб судовар арзёбӣ гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ муҳокима карда шуд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj