Тоҷикӣ | Русский | English  

Маросими ифтитоҳи расмии намоишгоҳи рассомони Тоҷикистон

08 феврали соли 2018, маросими ифтитоҳи расмии намоишгоҳи рассомони Тоҷикистон, ки бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун "Соли рушди туризм ва ҳунарҳои мардумӣ" аз ҷониби Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шӯъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар қароргоҳи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ташкил шудааст,  баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ, Директори генералии СУЗМ, Фрэнсис Гарри, инчунин намояндагони ҳайати дипломатии кишвари иқомат ва роҳбарияти ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.

Ба меҳмонон маълумот оид ба фарҳанги бойи Тоҷикистон, инчунин маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ пешкаш гардид.






 

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj