Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқот бо Раиси Девони хизмати давлатӣ ва Дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, ҳунар ва адабиёти Давлати Кувайт

Санаи 06.02.2018 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт З. Зубайдов бо Дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, ҳунар ва адабиёт Алӣ Юҳа ва Раиси Девони хизмати давлатии кишвари иқомат Аҳмад Холид ал-Ҷассор баргузор гардид.

Зимни мулоқотҳо ҷанбаҳои муҳимми рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, ба роҳ мандани ҳамкориҳо миёни ниҳодҳои хизмати давлатии ду кишвар ва табодули таҷрибаи мутахассиcони соҳаи мазкур, ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи илму фарҳанг, табодули сафарҳои ҳайатҳои фарҳангии ду кишвар ва баргузории рӯзҳои фарҳангӣ дар кишварҳои ҳамдигар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj