Тоҷикӣ | Русский | English  

Хизматрасониҳои консулӣ

Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии ҶумҳурииТоҷикистон сохтори таркибии дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Раёсати консулӣ  дар доираи ваколатҳои худ хизматрасониҳои зеринро иҷро менамояд:

- барасмиятдарорӣ, таҳия, тамдид, бекор ва иваз намудани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ;

- барасмиятдарорӣ, таҳия, тамдид, бекор ва иваз намудани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон; 

- баррасии ариза ва муроҷиати шаҳрвандон нисбати дархости аснодҳо;

- хизматрасонии иттилоотӣ-машваратӣ;

- масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- барасмиятдарории даъватнома (тасдиқи даъват) ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ;

- барасмиятдарории шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- иҷрои таъйиди консулии ҳуҷҷатҳо ва санадҳо;

- дар мавриди зарурӣ бақайдгирии шиносномаҳои хориҷии ходимони давлатӣ ва ҷамъиятии кишварҳои хориҷӣ, аъзои оилаи онҳо, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, дар асоси дархости ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ё муассисаҳои консулии қабулкунандаи онҳо;

- гузоштани мӯҳр бо нишони “сафари хизматӣ ба Ҷумҳурии Халқии Хитой” барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- гузоштани мӯҳри иҷозати сафар ба минтақаи наздисарҳадии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шиносномаҳои хориҷии кормандони намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ.

Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ ба намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ хизматрасонӣ менамояд.

Ҳамаи дархост ва аснодҳое, ки ба хизматрасонии консулӣ вобаста мебошанд, бевосита дар Раёсати консулӣ дар суроғаи кӯчаи Пушкин 34, аз соати 8:30 то 11:00 дар рӯзҳои корӣ қабул карда мешаванд.       

 

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj