Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқот бо Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо

16 майи соли 2017 дар шаҳри Брюссел дар ҳошияи иштирок дар ҷаласаи шашуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо Ҳелга Шмид вохӯрӣ намуд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро муҳокима карданд.

Аз сатҳу сифати муносиботи зудрушдёбанда миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар доираи абзорҳои мухталифи ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ ибрози қаноатмандӣ карда шуд. С.Аслов ва Ҳ.Шмид оид ба ҷанбаҳои калидии шарикии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, амният ва ҳамкориҳои минтақавӣ табодули назари судманд доштанд.

Ҷониби Тоҷикистон аз дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар татбиқи амалии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2016-2030, инчунин ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028 изҳори умедворӣ кард.

Мусоҳибон ҳамчунин масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ намуданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj