Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Словакия

18 майи соли 2017 дар шаҳри Брюссел вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҷумҳурии Словакия ҷаноби Лукаш Паризек, баргузор шуд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Словакияро баррасӣ карданд.

С. Аслов ва Л. Паризек ҷиҳати таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф ва фарҳангию башарӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.Дар ин радиф, ҷонибҳо нақши машваратҳои сиёсии байниидоравӣ ва мизи мудаввари соҳибкории ду кишварро, ки моҳи ноябри соли 2016 дар ш.Душанбе барпо гаштанд, баланд арзёбӣ карданд.

Мусоҳибон ҳамчунин доир ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Словакия дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар намуданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj