Тоҷикӣ | Русский | English  

Фестивали расму оин ва таомҳои миллии кишварҳои хориҷӣ дар Боғи Ирам

20 майи соли 2017 соати 09:00 дар "Боғи Ирам"-и пойтахт фестивали расму оин ва намоиши таомҳои миллии кишварҳои хориҷӣ бо мақсади шиносоӣ бо фарҳангу тамаддунҳои мухталиф ва анъанаҳои халқҳои ҷаҳон барузор мегардад.

Дар ин фестивал ҷиҳати таҳия ва муаррифии таомҳои  миллӣ барои ҳар як намояндагӣ гӯшаи алоҳида ҷудо гардида, маҳсулоти пухташуда аз ҷониби худи намояндагиҳо ба фурӯш бароварда мешаванд.

Мақсади асосии чорабинӣ таҳким бахшидан ба ривоҷи дӯстӣ, ҳамкориҳои судманд байни намояндагиҳои дипломатӣ, ҷалб кардани иштирокчиён ба эҳсонкорӣ ва расонидани кумак ба яке аз мактаб-интернатҳои пойтахт аз ҳисоби маблағҳои бадастомада мебошад.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj