Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки муовини Сарвазир Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

2 августи соли 2017 дар шаҳри Лянюнгани музофоти Ҷиансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин даври панҷуми Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ бо иштироки ҳайатҳо аз Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ доир гардид. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ муовини Сарвазир Азим Иброҳим роҳбарӣ намуд.

Дар ҳошияи Форуми мазкур ҳамчунин вохӯриҳои дуҷонибаи Азим Иброҳим бо муовини Раиси Кумитаи умумичинии Шӯрои мардумии сиёсӣ ва машваратӣ Ван Тсинмин, ки дар Форум Чинро намояндагӣ менамуд, бо Раиси музофоти Ҷиансу У Чжэнлун ва Раиси шаҳри Лянюнган Сианг Суэлонг баргузор шуданд.

Дар рафти суханронии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форум ва дар вохӯриҳои дуҷонибаи зикршуда ҳолати ҳозира ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Чин, аз ҷумла масъалаҳои таҳким ва тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ, ҳамкориҳои байниминтақавӣ, тақвияти робитаҳо дар соҳаи маориф ва фарҳанг мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj