Тоҷикӣ | Русский | English  

Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Эътиборномаи Сафири Тоҷикистонро қабул намуд

12 сентябри 2017 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев Эътиборнома супорид.   

Пас аз маросими супоридани Эътиборнома мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон бо Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки зимни он Сафири кишвари мо ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон дуруду паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро расонида, таъкид намуд, ки Сарвари давлати мо ба кишвар ва мардуми Ҷумҳурии Озарбойҷон сулҳу оромӣ, рушду пешрафт ва рафоҳу шукуфоиро орзу карда, хостори густариши ҳарчи бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвар мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон, зимни арзи дуруд ба Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон, ба кишвар ва мардуми мо сулҳ ва пешрафт орзу карда, изҳори умедворӣ намуд, ки густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар заминаҳои гуногун идома хоҳад ёфт.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj