Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқот бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ

12 октябри соли 2017 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Петер Буриан баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба, роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ баҳри такмил ва татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ, амният, мавзӯҳои мубрами минтақавӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.

Дар мулоқот Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Сафир Хидайет Бишчевич, мутасаддии Тоҷикистон дар Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо Роланд Хонекамп ва мушовири сиёсии Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Раймондс Вингрис низ ҳузур доштанд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj