Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои таъмини амният ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ

10 ноябри соли 2017 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои таъмини амният ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Дар конфронс, ки зери сарпарастии СММ таҳти унвони “Осиёи Марказӣ: гузаштаи умумӣ ва ояндаи муштарак, ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор ва шукуфоии мутақобил” барпо шуд, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов суханронӣ намуд. Зимни суханронӣ роҳбари ҳайати Тоҷикистон мавқеи кишварро доир ба масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар раванди пешбурди муштараки ҳадафу вазифаҳои рушди устувор ироа намуд.


 

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj