Тоҷикӣ | Русский | English  

Баромади намояндагони Тоҷикистон дар кори иҷлосияи cолонаи САҲА

10 сентябри соли 2018 дар шаҳри Варшава  ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар кори иҷлосияи якуми солонаи САҲА оид ба уҳдадориҳои марбут ба ченаки инсонии  Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон (ODIHR) иштирок кард.

Дар иҷлосияе, ки ба масъалаҳои рушди демократия ва институтҳои демократӣ дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ бахшида шуда буд, Муовини директори Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурнии Тоҷикистон С.Сафаров ва Муовини сардори Раёсати  Дастгоҳи иҷроияии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Каримзода  баромад намуданд.

Дар баромадҳои худ намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон рушди мусбии раванди тағиротҳои демократӣ дар кишвар, аз ҷумла иҷрои уҳдадориҳои байналмилалро дар самти беҳдошти ҳолатҳои ҳуқуқи инсон  қайд намуданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj