Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки Сафири Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии тиҷорат дар Омаха, ШМА

11 апрели 2019 дар Омахаи штати Небраскаи ШМА дар бинои Донишгоҳи Беллевуа Конфронси 4-уми навбатии байналмилалӣ оид ба тиҷорат барпо гардид ва дар кори он Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ШМА Фарҳод Салим иштирок ва суханронӣ намуд.

Чорабинии мазкур аз ҷониби ташкилоти америкоӣ “Salama International Trading & Consulting” зери унвони “Вазъи тиҷорати байналмилалӣ” барпо карда шуд. Дар кори Конфронс вакили Конгресс Дон Бэкон, муовини губернатори штати Небраска Майк Фолей,  роҳбарони ширкатҳои америкоӣ “Husch Blackwell LLP”, “Lindsay Corporation”, “Valmont”, “Behlen”, иттиҳодияҳои соҳибкорӣ, намояндагони корпуси дипломатии муқими ШМА низ иштирок намуданд.

Ф. Салим дар суханронии худ ҳавасмандии Тоҷикистонро ба таҳкими муносибатҳои тиҷоратӣ бо штати Небраска, бахусус дар соҳаи саноат, кишоварзӣ, зерсохтори роҳҳои нақлиётӣ ва энергетикӣ, алоқа, сохтмон, технологияҳои нав ва сайёҳӣ таъкид намуд.

 

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj