Тоҷикӣ | Русский | English  

Муаррифии имкониятҳои соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон дар Вашингтон

17 апрели 2019 дар ҳамкорӣ бо ташкилоти америкоӣ “Washington Intergovernmental Professional Group” чорабинӣ бахшида ба муаррифии имкониятҳои соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Роналд Рейган ва Маркази байнламилалии тиҷорат барпо гардид.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ШМА Фарҳод Салим дар он чорабинӣ суханронӣ намуда, ба ҳозирин дар бораи самтҳои авлавиятноки иқтисодиёт, фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, имкониятҳои саёҳӣ, такмили қонунгузорӣ барои ҳифзи манфиатҳои сармоягузорон, тасмиму нақшаҳои Ҳукумат барои рушди иқтисодиёти кишвар маълумот дод.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Стратегияи миллии рушди кишвар то соли 2030 ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои стратегӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии кишвар тадбирҳои лозим меандешад.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj