Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Сафир дар Вазорати корҳои хориҷӣ

22 марти соли 2018 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса Ҷамолиддин Убайдулло бо Директори Департаменти Аврупои континенталии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса хонум Флоранс Манжан баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисод, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, тавсеаи  пояи шартномавӣ-ҳуқуқӣ, иштироки ҳайати фаронсавӣ дар конфронсҳои байналмилалӣ, ки дар Душанбе дар моҳи май ва июн барпо мегарданд, мавриди муҳокима қарор гирифт.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj