Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафир бо Раиси палатаи болоии Парлумони Беларус

22 марти соли 2018 дар шаҳри Минск мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод  бо Раиси Шӯрои Ҷумҳурияти Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус  Михаил Мясникович сурат гирифт, ки дар рафти он ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои байнипарлумонӣ, масъалаҳои таҳким ва рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва тиҷорату иқтисод баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо роҷеъ ба афзоиши гардиши мол, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, бунёди корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли техникаю таҷҳизот ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар қаламрави Тоҷикистон бо истифода аз механизмҳои муосири сармоягузорӣ, инчунин барои омода кардани мутахассисони ҷавони касбӣ дар донишгоҳҳои олии Беларус ва мубодилаи таҷриба таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj