Тоҷикӣ | Русский | English        | Харитаи сомона
twitter facebook rss

Соҳаи энергетикаи Тоҷикистон


Нишондиҳандаҳои асосӣ

Захираҳои мавҷудаи  умумӣ 527млрд квт/соат дар як сол (ҷои 8-ум дар ҷаҳон, 4-ум дар сади захираҳои гидроэнергетикии умумиҷаҳонӣ)
Истеҳсоли миёнаи солонаи қувваи барқ 16.5 млрд.квт/соат (4-5 % аз захираҳои мавҷуда)
Тавоноии системаи энергетикӣ 5190 МВт (ҳиссаи нерўгоҳҳои барқии обӣ 4872 МВт-94%,  нерўгоҳҳои гармидиҳию барқӣ 318 МВт-6%)
Иқтидори лоиҳавии НБО-Роғун  360 МВт-13млрд.квт/соат – дар як  сол
Хароҷоти рушди соҳаи энергетика 15 % масрифи буҷа
Қувваи барқи иловагӣ дар тобистон 3-5 млрд.квт/соат
Камбуди энергияи барқ дар зимистон 2.5 млрд.квт/соат
Нарх барои аҳолӣ  2.32 сенти ИМА/1 квт/соат
Нарх барои корхонаҳои саноатӣ 5.61 сенти ИМА/1 квт/соат
Содироти энергияи барқӣ дар соли 2013 қариб  1 млрд.квт/соат / 34 млн. доллари ИМА
Захираи ангишт  4.5 млрд. тонна
Истеҳсоли ангишт дар соли 2013 дар ҳудуди 500,000 тон


Энергияи барқии обӣ  (Гидроэнергетика)

Тоҷикистон дорои  захираҳои  бузурги энергияи барқии обӣ  мебошад, ки дар як сол 527 млрд.квт/соат ба ҳисоб меравад. Дар нақши фаннӣ захираи энергетикаи барқи обии Тоҷикистон дурнамои хуби рушдро дошта он  317 млрд.квт/соатро дар сол ташкил медиҳад, ки 4-5% танҳо дар айни замон  истифода мешавад. Бо иқтидори энергетикаи барқии обӣ Тоҷикистон ҷои 8-умро дар дунё пас аз Хитой, Россия, ИМА, Бразилия, Заир, Хиндустон ва Канада ишғол менамояд. Асоси энергетикаи Тоҷикистон бештар аз 95% энергияи барки обӣ ташкил медиҳад.  Иқтидори энергияи обии Тоҷикистон беш аз 3 баробар зиёдтар назар ба талаботи энергияи барки дар тамоми Осиёи Маркази мебошад. Ҳангоми самаранок истифода бурдани ин захираҳо минтакаро метавон бо ин энергияи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин намуд.  Захираҳои асосии энергияи барқии обӣ дар манотиқи дарёи Вахш, Панҷ, Амударё, Сирдарё ва Зарафшон ҷойгир аст.

Иқтидориси ситемаи энергетикии Тоҷикистон 5190 МВт-ро ташкил медиҳад.  Аз ҷумла ҳиссаи энергияи барқи обӣ  93,9% тамоми иқтидорҳои муайяншударо ташкил медиҳад. Ҳиссаи шабакаҳои гармидиҳӣ 318 мгвт, яъне танҳо 6.1% - ро ташкил медиҳад. Истеҳсоли миёнаи солонаи энергияи барқӣ дар энергосистемаи Тоҷикистон, ки асосан аз ҳисоби  истгоҳҳои барқи обӣ мебошад 16,5 млрд.квт/соатро ташкил медиҳад. Бояд қайд намуд, ки беш аз 98% и энергияи барқӣ, ки дар Тоҷикистон истеҳсол карда мешавад, аз ҳисоби НБО аз ҷумла 97%-и он аз неругоҳҳои бузургу миёна ба даст меояд.  

Дар фасли зимистон кишвар ба камбуди зиёди энергияи барқи (2.2-2.5 млрд.квт/соат) дучор мешавад ва маҷбур аст маҳдудияти додани барқро ба кор барад, ки он махсусан  ба аҳолии деҳот, ки беш аз 70% аҳолии мамлакатро ташкил медиҳанд таъсир мерасонад. Ҳамасола бо сабаби маҳдудияти энергияи барқӣ нобудшавии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ ба 30% баробар мерасад.
Дар баробари ин  дар фасли тобистон таъмини энергияи обии барқӣ бештар боварибахш аст. Чунки дар ин фасли сол тавлиди изофии барқи обӣ ба миқдори 3-5 млрд.квт/соат мебошад. Бар зиёдии об боиси масрафи бефоидаи он  мегардад, ки он мутаносибан ба нобудшавии миқдори зиёди энергияи барқи обӣ сабаб мегардад. Вобаста ба шароити обу ҳавои сол зарари иқтисодӣ аз  90 то 225 млн.доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.  

Дар ҳоли ҳозир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 НБО-и бузургу миёна амал мекунад. Ҳамчунин дар ҳудуди 300 НБО-ҳои хурд бо иқтидори умумии 131 МВт фаъолият доранд. Дар соли 2009 барномаи нав оид ба тартибдодани сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурд қабул шуда буд. Тибқи ин барнома сохтмони 189 НБО-ҳои хурд бо иқтидори 103.6 МВт ба назар гирифта шуда буд. Дар солҳои 2010-2011 беш аз 60 НБО-ҳои хурд бо иқтидори умумии 47 МВт бунёд гардиданд ва ин анъана имрӯз ҳам идома дорад. Баҳодиҳиҳои пешакӣ нишон медиҳанд, ки дар маҷрои дарёҳо дар қисматҳои куҳии ҷумҳурӣ аз лиҳози техники имконпазир ва аз лиҳози иқтисодӣ мувофиқ беш аз 900 неругоҳҳои обии барқӣ хурдӣ бо иқтидори аз 100 то 3000 киловатро бунёд намуд. Бар асоси баҳогузории коршиносон, истифодабарии энергияи дарёҳои хурд метавонад ниёзҳои 500-600 ҳазор инсонро бо энергияи обии барқӣ бароварда созад, ки дар манотиқи дурдасти кишвар то 50-70% ва дар баъзе мавридҳо то 100% аҳоли зиндагӣ мекунанд.  
Дар соли 2011 системаи ягонаи энергетики кишвар, ки системаи энергетики ҷанубу шимолро ба ҳамдигар мепайвандад, таъсис дода шуда буд, ки ҳамаи ин имкониятҳои амалии дастрасии тамоми аҳолии Тоҷикистонро ба энергияи обии барқии истеҳсолшаванда таъмин намуд. Имрӯз нархи қувваи барқ барои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳияти иҷтимоӣ дошта ба андозаи 2.32 сенти ИМА барои як киловат соат муайян карда шудааст. Давлат қисман нархро барои аҳолӣ ҷиҳати боло набурдани нарх назар ба дигар категорияҳои масрафкунандагон аз ҳисоби худ пардохт менамояд.  Нарх барои саноат 5.61 барои як киловатт соат мебошад, ки 2.4 баробар аз нархи аҳолӣ бештар мебошад. Ба ғайр аз ин Ҳукумати кишвар ҳамасола иловатан истифодаи нерӯи барқро барои оилаҳои камбизоат аз буҷаи Ҷумҳури аз ҳисоби худ пардохт менамояд.
      

Аз ҳаҷми умумии даромади буҷаи давлатии ҶумҳурииТоҷикистон дар соли 2012 10 млрд. 160 млн. 600 ҳазор сомонӣ барои рушди комплекси гармдиҳиву барқӣ 1549 млн.сомонӣ ё 15,2% аз маблағи кулли буҷаи давлатии кишвар, ҷудо шуда буд. Афзоиши харҷҳо барои ниёзҳои комплекси ҳарорати барқӣ дар соли 2013 низ (1 млрд 712 млн 678 ҳазор сомонӣ)нигоҳ дошта шуд ва барномарезӣ гардидааст, ки дар соли 2014 ба ин мақсад беш аз 2.2 млрд сомонӣ ҷудо карда шавад.

 


Истеҳсоли ангишт


      Ба ғайр аз захираҳои гидроэнергетикӣ Тоҷикистон ҳамчунин захираҳои бузурги ангиштро, ки онро ба 4.5 млрд тонн баровард кардаанд, дар ихтиёр дорад.  Дар соли 2013 муассисаҳои конкобии мамлакат дар ҳудуди 500 ҳазор тонна ангишт истеҳсол намуданд, ки 2 баробар бештар аз нақшаи пешбинишуда мебошад.  Дар ҷумҳурӣ 162 корхонаҳои саноатӣ фаъолияти худро ба ин намуд сузишвори ба роҳ мондаанд, ки талаботи солонаи онҳо беш аз 200 ҳазор тонна ангиштро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон истеҳсоли ангишт фаъолона дар 7 кон Шуроб, Назарайлоқ, Фон-яғноб, Зидди ва ғайраҳо ба роҳ монда шудааст. Захираи онҳо беш аз 100 млн тонна мебошад.

 

Энергетикаи альтернативӣ
     

Обу ҳавои Тоҷикистон барои истифодаи энергияи офтобӣ муносиб мебошад. Ба ҳисоби миёна 280-330 рузҳои офтобӣ вуҷуд доранд ва фаъолияти интенсивии радиатсияи офтобӣ дар давоми сол аз 280 то 925 МДЖ/м2 дар нохияҳои наздикуҳӣ ва ҳамчунин аз 360 то 1120 МДЖ/м2 дар манотиқӣ куҳӣ тағир мекунад. Истифодаи энергияи офтобии мавҷуда дар Тоҷикистон метавонад 10-20% -и талаботро ба энергия таъмин менамояд.


Мувофиқи ҳисоботҳо захираи энергияи офтобии Тоҷикистон ҳудуди 25 млрд.киловат/соатро дар сол ташкил медихад. Ин захира амалан истифода намегардад, агар баъзе аз қисматоҳи он, ки барои гарм кардани об истифода бурда мешавад, ба назар гирифта нашавад. Захираи ками энергияи бод вуҷуд дорад, аммо истифодаи он ҳамчун пуркунандаи энергияи обӣ дар баъзе минтақаҳо ба мақсад мувофиқ аст. Бодҳои аз ҳама сахт дар минтақаҳои куҳӣ, мевазанд, дар ҷойҳои, ки пастию баландии мамлакат ба ҷараёнҳои ҳавоӣ наздик мешаванд ва ҳамчунин дар вилоятҳои Суғд ва водии Рашт. Суръати миёнаи бод дар ин минтақаҳо  5-6 метр дар як сонияро ташкил медиҳад.