Тоҷикӣ | Русский | English        | Харитаи сомона
twitter facebook rss

Фазои сармоягузории Тоҷикистон



Нишондиҳандаҳои асосӣ


Сармоягузорӣ бо иштироки институтҳои байналмилалии молиявӣ 2002-2012 – 2,13 млрд.долл.ШМА

Сармоягузории мустақими хориҷӣ то 9/2013 –  2,71  млрд.долл.ШМА

Сармоягузории ғайримустақими хориҷӣ то 9/2013 –  1,84  млрд.долл.ШМА

Сармоягузории мустақими хориҷӣ, 9 моҳи 2013 –  208,9  млн.долл.ШМА

Сармоягузории ғайримустақими хориҷӣ,  9 моҳи 2013 –  277,8  млн.долл.ШМА

Минтақаҳои озоди иқтисодӣ – «Суғд», «Данғара», «Ишкашим», «Панҷ»

Ҳисоботи «Doing Business»2010-2011 – Тоҷикистон дар қатори беҳтарин кишварҳои ислоҳотчиён

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Иcтиқлолияти кишвар тавонист, ки иқтисодиёти мамлакатро эҳё намуда рӯ ба афзоиш  ниҳояд. Асоси инкишофи механизми бозори хоҷагидорӣ ин санадҳои меъёриву ҳуқуқии қабул намуда ба ҳисоб мераванд. Аз соли 2002 то инҷониб дар қонунгузории Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани сармоягузорӣ дар иқтисодиёти кишвар як қатор ислоҳотҳо дароварда шудааст.

Яке аз мӯҳимтарини онҳо ин қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сармоягузорӣ (инвеститсия)", ки ин Қонуни қаблан қабул намудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба "Сармоягузории хориҷӣ"-ро иваз менамояд, ба шумор меравад. Дар Қонуни навқабулкардашуда на инки сармоягузорони хориҷӣ балки сармоягузорони ватанӣ барои рушди иқтисодӣ кишвар низ сармоягузорӣ карда метавонанд.

Ҳамчунин ҷиҳати фароҳам овардани шароит ва ҳавасмандии сармоягузорон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусуси гардонии амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Шартномаҳо дар бораи тақсими молҳо», «Дар бораи консенсияҳо», «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ», «Дар бораи таърихи кредитӣ», «Дар бораи шарики хусусии давлатӣ» қабул карда шудааст. Илова бар ин дар назар аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шартномаҳои сармоягузорӣ" қабул карда шавад.  
  

 Пас аз эълон шудани  ҳадафҳо ҷиҳати эҷоди фазои сармоягузорӣ дар кишвар ислоҳотҳо оид ба раванди сабти номи ашхоси ҳуқуқию вокеъӣ, низоми иҷозатдиҳӣ, тартиби гумрукӣ, гирифтани иҷозатномаҳои сохтмонҳо ва ғайраҳо осон карда шуд. Танҳо дар муддати якчанд сол аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои муҳиме оид ба рушди сармоягузорӣ, бартараф намудани монеаҳо, осон намудани фаъолияти сармоягузорону соҳибкорон, ки ба иқтисоди кишвар зарар мерасонд, осон карда шуд.
    

Низоми равзанаи ягона ба роҳ мондашуд, ки барои ба қайд гирифтани тиҷорат, кам намудани литсензияҳои лозима, иҷозатномаҳо, назорати тафтишоти мукамали муфлисшавӣ ва ҳимояти саҳмиядорони афсудаҳоле, ки дар раванди ислоҳот қарор доранд ва дар сатҳи байналмилали баҳо додамешаванд, мусоидат менамояд. Дар ҳисоботи солонаи Бонки ҷаҳони «Doing Business» дар солҳои 2010-2011 Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои беҳтарини ислоҳотҳо дар ҷои даҳум қарор дорад. Фаъолияти фазои сармоягузорӣ тавассути Шурои машваратии назди Президекти кишвар, ки ба он ҳам намояндагони бахши ҳуқуқӣ ва ҳам намояндагони бахши хусусӣ дохил мешаванд, дастгирӣ карда мешавад.
    

Дар қонунгузории кишвар барои фаъолияти сармоягузорӣ ва сармоягузорони дохиливу хориҷӣ низоми кафолати сармоягузорӣ ба роҳ монда шудааст, ки содироту воридоти даромади соҳибкоронро кафолат медиҳад. Ҳамчунин низоми преферентсияи андозҳо ва гумрук дар қонунгузории кишвар амал мекунад, ки дар фаъолияти он соҳибкорону сармоягузороне, ки дар рушди иқтисоди кишвар саҳмгузор мебошанд, монанди сохтани неругоҳҳои барқии обии хурд ва заводҳои пахта, имтиёзҳо дода мешавад.
    

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳавасманд ва ҷалб намудани соҳибкорон бо 25 кишвари ҷаҳон Созишнома оид ба андозбандии дукарата ва бо 18 кишвар Созишнома оид ба ҳифзи ҳуқуқи сармоягузорон ба имзо расонидааст ва санадҳои мазкур аз ҷониби Ҳукумати кишвар тасдиқ ва эътироф шудаанд. Нишонаи беҳбудӣ ва фароҳам овардани фазои сармоягузорӣ дар кишвар ин ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012 ба Конвенсияи СММ оид ба иҷро намудани қонунҳои арбитражӣ, ки 10 июни соли 1958 қбул карда шудааст, мебошад.
  

 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилотҳои мавҷударо баназар гирифта, барои муккамал намудани идораҳои давлатӣ, сиёсати макроиқтисодӣ, фазои сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ чораҳои зарурӣ андешида истодааст.
Ҳамчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012 Конвенсия Нию Йорк оид ба эътибори қонунҳои судҳои арбитражӣ қабул ва ратификатсия намуд, ки Конвенсияи мазкур аз октябри соли 2012 ба расмият дароварда шудааст, ҳамзамон барнома роҷеъ ба беҳбуд ва ҳавасманд намудани сармоягузорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то солҳои 2012-2015 қабул карда шуд.

Дар солҳои 2007-2012 дар масъалаҳои асосии зерин корнамуд:
Амали намудани ислоҳотҳои институтӣ
Паст намудани корҳо ва омилҳои хатарҳои сармоягузорӣ
Нест кардани монеаҳои дучоршавандаи сармоягузорон ва соҳибкорон

Кумаки давлатӣ оид ба тиҷорат ва сармоягузорӣ.

Дар муддати солҳои 2002-2012 дар чаҳорчубаи лоиҳаҳои давлатӣ оид ба татбиқи сармоягузорӣ бокӯмаки молии донорҳо ва созмонҳои молии байналмилалӣ зиёда аз 200 созишномаҳо татбиқ ва ба тасвиб расидаанд, ки маблағи умумии онҳо 2,13 млрд доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Аз маблағи мазкур 1,614 млрд доллар кредит, 371,5 млн доллар грантҳо, 119,12 млндоллар ҳиссаи Ҳукумат ва 28,7 млн доллари дигарро даромадҳо ташкил медиханд. Дар солҳои буҳрони 2008-2010 1,038 млрд доллари амрикоӣ ворид шуд, ё ин ки 47%  аз маблағи умумии татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлати афзоиш ёфт.

Дар охири соли ҷорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии сармоягузориҳо, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои 2014-2016 ва Барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ барои солҳои 2014-2016 тасдиқ кард. Барномаи давлатии сармоягузориҳо, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои 2014-2016 120 лоиҳаро бо дар бар мегирад. 39 лоиҳаи он бо маблағи 1,3 миллиард доллар амалкунанда буда барои 3 соли пешбинишуда маблағгузорӣ дар ҳаҷми 1,8 миллиард доллари амрикоӣ муайян шудааст.

Ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ

Дар тули солҳои истиқлолияти кишвар ва бо  9 моҳи соли 2013 сармоягузории мустақими хориҷӣ ба ҳаҷми 2271,6 млн.дол.ШМА ворид гашт, ки аз он аз давлатҳои ИДМ 855,9 млн.дол.ШМА (37,6%) ва кишварҳои хориҷи дур  1415,7 млн.дол ШМА (62,3%). Кишварҳои асосии сармоягузории мустақим ба иқтисодиёти кишвар: Россия – 827,1 млн.дол ШМА (36,4%), Хитой – 319,9 млн.дол ШМА (14,1%), Эрон – 302,4 млн.дол ШМА (13,3%), Британияи Кабир – 210,5 млн.дол ШМА (9,3%).

Ҳаҷми  умумии сармоягузории ғайримустақим ба ҳаҷми 1884,3 млн.дол ШМА расид, ки аз он давлатҳои ИДМ – 40,9 млн.дол ШМА (2,17%) ва кишварҳои хориҷи дур – 1843,3 млн.дол ШМА (97,8%). Кишварҳои асосии сармоягузории ғайримустақим ба иқтисодиёти кишвар: Хитой – 1093,0 млн.дол ШМА (58,0%), ШМА – 203,6 млн.дол ШМА (10,8%), Филиппин – 193,8 млн.дол ШМА (10,2%), Арабистони Саудӣ – 61,1 млн.дол ШМА (3,2%) мебошанд.

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сармоягузории мустақими хориҷӣ ба ҳаҷми 208,9 млн. доллари ШМА ворид гашт, ки аз он аз кишварҳои ИДМ 47,9 млн. долл ШМА ва кишварҳои хориҷи дур 161,9 млн. долл. ШМА. Кишварҳои асосии сармоягузори мустақим ба Ҷумҳурии Тоҷикистон: Хитой – 92,9 млн. долл.ШМА Россия – 44,1 млн. долл.ШМА, Давлати Катар –17,9 млн. долл.ШМА, Британияи Кабир –17,6 млн. долл.ШМА.

Ҳамзамон, сармоягузории ғайримустақим 277,8 млн. долл. ШМА-ро ташкил дод, ки аз он аз давлатҳои ИДМ 30,2 млн. долл ШМА, кишварҳои хориҷи дур 247,6 млн. долл. ИМА. Кишварҳои асосии сармоягузории ғайримустақим: Хитой – 84,4 млн. долл.ШМА, Туркия – 46,0 млн. долл.ШМА, Россия  – 26,0 млн. долл.ШМА, Филиппин 20,6 млн. долл.ШМА ва ғайраҳо мебошад.

 

Озодгардонӣ аз андоз ва пардохтҳои гумрукӣ

1

Озодгардонӣ аз пардохти гумрукӣ (миқдори пардохти гумруказ 5% то 15%)  ва андоз ба арзиши иловашуда (миқдори андоз 18%).

 

Ҳамаи корхонаҳо

Воридоти таҷҳизоти истеҳсолӣ-технологӣ ва маҳсулоти иловаги ба он (ки онҳо комплекти ягонаро ташкил медиҳанд, яъне бе ин маҳсулоти иловаги фаъолияти таҷҳизоти истеҳсоли технологи ғайри имкон аст),барои пуранамоӣ ё ба вуҷудории фонди оиномавии корхона ё азнавкунии иқтидори истеҳсолии корхона, ба шарти он, ки ин моликият бевосита барои истеҳсоли он маҳсулоте, ки дар ҳуҷатҳои ташкили корхона омадаанд, равона карда мешаванд, ва ба шумораи маҳсулотҳои аксизи ва моликияти шахсие, ки аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ барои истифодаи шахси ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд, таълуқ доранд.

Кодекси Гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон (Модаи 345, қисми 4)

Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (модаи211, қисми 4ч4)

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №450 аз 23.10.03.

 

2

Озодгардонӣ аз андоз ба арзиши иловашуда (миқдори андоз 18%)ва пардохти гумрукӣ (миқлори пардохти гумрукӣ аз 5% то 15%)  

 

Ҳамаи корхонаҳо

 

Воридотимаҳсулотҳое, ки барои амалинамоии лоиҳаҳои мақсадноке, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, аз ҳисоби грандҳо ва кредитҳое, ки аз ҷониби шахсони юридики ва физики, давлатҳои хориҷӣ, ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналхалқи пешниҳод шудаанд.

Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (модаи 211, қисми- 4 зерқисми-6)

Кодекси Гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон (Модаи 345, қисми 6)

3

Озодгардонӣ аз андоз ба арзиши иловашуда (миқдори андоз 18%) ва пардохти гумрукӣ (миқлори пардохти гумрукӣ аз 5% то 15%)  

 

Ҳамаи корхонаҳо

Таъмин намудани маҳсулот, иҷронамоии кор ва хизматрасони ба сифати кумакибашардустона.

Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (модаи 211, қисми- 2 зер қ-7 зерқисми-6)

Кодекси Гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон (Модаи 345, қисми 3)

4

Амалиётҳое, ки бо фоизи сифри андозбанди мешаванд.

 

 

Ҳамаи корхонаҳо

Содироти маҳсулотҳо, ба ғайр аз пахтаи коркарднашуда, пахтаи хом ва алюмини коркарднашуда, аз руи фоизи сифри андоз ба арзиши иловашуда месупоранд.  

 

Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (модаи 214, қисми- 1)

5

Озодгардонӣ аз андоз аз даромад (миқдори андоз 15%, илова бар ин шахси юридикии хориҷӣ боз андоз аз даромади соф ба миқдори 8% андозбанди мешаванд).

Ҳамаи корхонаҳо

Корхонаҳои навтаъсисе, ки дар соҳаи истеҳсоли маҳсулотҳо бунёд шудаанд, дар соли бақайдгирии давлати ва аз соли дигар баъд аз бақайдгирии давлати, дар сурати аз ҷониби созмондиҳандагони он бо дарназардошти ҳаҷми минималии сармоягуорие, ки қонунгузори муаян намудааст, ба фонди оиномавии корхона дар ҳаҷми зерин сармоягузори, ба мӯҳлати:

-2 сол агар ҳаҷми сармоягузори то 500 хаз.дол.ШМА-ро ташкил дихад;

-3 сол агар ҳаҷми сармоягузори аз 500 хаз. то 2 млн.дол ШМА-ро ташкил дихад;

-4сол агар ҳаҷми сармоягузори аз 2 млн, то 5 млн.дол.ШМА-ро ташкил дихад;

-5 сол агар ҳаҷми сармоягузори аз 5 млнол.ШМА зиёд бошад.

Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (модаи 145, қисми- 6)

6

Озоднамои аз андоз ба арзиши иловашуда,(миқдори андоз 18%), андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобили (миқдори андоз 2%), андоз ба фоидаи шахсони юридики (миқдори андоз15%), андози минимали аз даромади корхона миқдори андоз 1%, андози замин миқдори андоз аз 180 то 500 –сомонӣ барои 1гкт замин, андоз аз соҳибони воситаи нақлиёт (миқдори андоз аз 2 то 11%), андоз аз молу мулк, андози иҷтимои (миқдори андоз 25%), нисбати он шахсоне, ки бе восита дар сохтмони нерӯгоҳҳои барқии оби фаъолият мекунанд ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд.

Фармоишагри сохтмон ва пудратчии генералии сохтмон



Дар мӯҳлати сохтмони нерӯгоҳҳои барқи оби дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (модаи 343, қисми- 1)

7

Озодгардонӣ аз андоз ба арзиши иловашуда (миқдори андоз 18%)ва пардохти гумрукӣ (миқлори пардохти гумрукӣ аз 5% то 15%)  

 

 Ҳамаи корхонаҳо

Ворид намудани маҳсулотҳо барои сохтани нерӯгоҳҳои барқи оби, ки иншоотҳои махсусан муҳим дар Ҷумҳурии Тоҷикистонба ҳисоб мераванд.

 

Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (модаи 343, қисми- 2)

 

8

Озодгардонӣ аз андоз ба арзиши иловашуда (миқдори андоз 18%)андози истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард(миқдори андоз 2%) ва андози иҷтимои (миқдори андоз 25%)

Таъминкунанда ва субпудратчиёни сохтмон шахсоне, ки бе восита ба сохтмони нерӯгоҳи барқии оби равона шудаанд.

 

Шахсони ҳуқуқи ва воқеъи бе востиа ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқии оби сафарбар шудаанд ва шаҳрвандони ҶТ нестанд.

Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (модаи 343, қисми- 3)

 

9

Озодгардонӣ аз пардохти гумрукӣ (миқдори пардохти гумруказ 5% то 15%) ва андоз ба арзиши иловашуда (миқдори андоз 18%).

 

Ҳамаи корхонаҳо

Ворид намудани маҳсулотҳое, ки бевосита барои талаботҳои шахсии корхонаҳои азнавбунёдшуда, ки бо сикли пурраи коркарди пахта ба маҳсулоти тайёр банд мебошанд (аз пахтаи хом то маҳсулоти пахтагии тайёршуда

Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (модаи 344, қисми-1)

 

10

Озодгардонӣ аз андоз ба арзиши иловашуда (миқдори андоз 18%)

 Ҳамаи корхонаҳо

Содир намудани маҳсулотҳое, ки аз ҷониби корхонаҳое, ки азнавбунёдшуда истеҳсол гардидаанд, ки бо сикли пурраи коркарди пахта ба маҳсулоти тайёр банд мебошанд, (аз пахтаи хом то маҳсулотҳои пахтагии тайёршуда).

 





Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (модаи 344, қисми-2)



 

11

Озодгардонӣ аз андоз аз фоида шахсони ҳуқуқи (миқдори андоз 15%) андози минимали аз даромади корхона (миқдори андоз 1%), андоз аз молу мулк ва андози замин (миқдори андоз аз 180 то 500-сомонӣ барои 1гкт, замин).

Ҳамаи корхонаҳо

Корхонаҳои аз навбунёдшудае, ки бо сикли пурраи коркарди пахта ба маҳсулоти тайёр банд мебошанд, (аз пахтаи хом то маҳсулотҳои пахтагии тайёршуда), аз андозҳои номаргардида озод карда мешаванд.

Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (модаи 344, қисми-3)

 

 

Минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо максади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ, технология, махорати рохбари ва сохтани инфрасохтори замонави, ҳали проблемаҳои, ки ба сохтани ҷойҳои нави корӣ машғуланд, инчунин таъмин намудани бозори дохили бо маводҳо ва молҳои ниёзи, ки барои истеҳсолот ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳоли Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Қарор оиди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардиданд. Дар ҳоли ҳозир дар қаламравии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 минтақаҳои озоди иқтисодӣ вучуд доранд - “Сугд”, “Панч”, “Дангара” ва “Ишкошим”.

Хусусиятҳои танзими гумрукӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ

1. Минтақаи озоди иқтисодӣ қисми минтақаи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Моли дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ ҷойгиршуда бо мақсади озод намудан аз боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо, инчунин манъ ва маҳдудкуниҳои дорои хусусияти иқтисодӣ, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд, ҳамчун моли берун аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиршуда ҳисобида мешавад.

2. Ба минтақаи озоди иқтисодӣ молҳои хориҷӣ ва ватанӣ бе пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо, инчунин бе истифодаи манъ ва маҳдудкуниҳои дорои хусусияти иқтисодӣ, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд, ворид карда мешаванд.

3. Воридоти таҷҳизоти истеҳсолӣ, сохтмонӣ ва молҳои зарурӣ барои ташкили инфрасохтори минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҷониби субъектҳо ва маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ озод мебошад. Номгӯйи чунин молҳо  аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

4. Ҳангоми аз ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ ба беруни Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани мол, андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ, ба истиснои хироҷи барасмиятдарории гумрукӣ ситонида намешаванд, манъ ва маҳдудкуниҳои дорои хусусияти иқтисодӣ татбиқ намегарданд.

5. Ҳангоми  аз ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба қисми дигари ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани мол андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ ситонида мешаванд ва чораҳои манъ ва маҳдудкуниҳои дорои хусусияти иқтисодӣ, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, тибқи шартҳои низоми гумрукии қабулгардида татбиқ карда мешаванд.

6. Муайян намудани кишвари истеҳсолкунанда нисбати молҳои дар минтақаи озоди иқтисодӣ истеҳсолшуда ва ба он интиқолшаванда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда  мешавад.
7. Тартиби барасмиятдарории гумрукӣ ва баҳисобгирии молро дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Хусусиятҳои андозбандӣ дар минтақаи озоди иқтисодӣ


1. Низоми андози фаъолияти минтақаи озоди иқтисодӣ тартиб ва шартҳои андозбандии имтиёзноки фаъолияти субъектҳоро дар ҳудуди ин минтақа муқаррар мекунад.

2. Дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолияти соҳибкорӣ, новобаста ба шаклҳои моликият, аз пардохти ҳама гуна андозҳо, ки дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, ба ғайр аз андози иҷтимоӣ  ва андоз аз даромади шахсони воқеӣ озод карда мешавад.

3. Андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромади шахсони воқеии минтақаҳои озоди иқтисодӣ мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона ҳисоб ва пардохт карда мешаванд.

4. Андоз аз даромади шахсони воқеӣ барои мутахассисони хориҷӣ - ғайрирезидентони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида пардохт карда мешавад.
5. Пардохти пурра ва саривақтии андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромади шахсони воқеии минтақаҳои озоди иқтисодиро  мақомоти андоз назорат мекунад.
6. Даромади бадастомадаи сармоягузорони хориҷӣ ва музди меҳнати коргарони хориҷӣ, ки бо асъори хориҷӣ пардохт шудааст, бидуни монеа метавонанд ба хориҷи кишвар интиқол дода шаванд ва дар ин маврид онҳо аз андоз озод мебошанд.

7. Имтиёзҳои андозӣ танҳо ба он қисми фаъолияти субъектҳо, ки дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ анҷом дода мешаванд, амал мекунанд. Андозбандии фаъолияти берун аз ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар асосҳои умумӣ мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон  амалӣ мегардад.

8. Субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ андозсупоранда буда, баҳисобгирии фаъолияти молиявию хоҷагидориро мустақилона пеш мебаранд.

9. Дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ объектҳои андозбандӣ, ки ба субъектҳои  минтақаи озоди иқтисодӣ тааллуқ надоранд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ карда мешаванд.

Минтақаи озоди иқтисодӣ “Суғд”

Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, масоҳати он 320 гектарро ташкил медиҳад. Дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” 18 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 11 субъектро корхонаҳои ватанӣ ва 7 субъектро корхонаҳои муштарак бо иштироки корхонаҳои Тоҷикистону-Лаҳистон, Русия, Кипр, Туркия ва Чин ташкил медиҳад. Дар МОИ “Суғд”махсулот бо монанди гелио коллекторҳои офтобӣ, қубурҳои пластикӣ, ноқилҳои барқӣ, рангҳои деворӣ ва колерҳо, профилҳои пластикӣ барои дару тиреза, куттиҳои пластмасӣ барои нигоҳдоштани меваҳои тару тоза, истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ва ғайраҳо истеҳсол карда мешавад.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2013 дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”, 9 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 29422,9 ҳазор сомониро ташкил кард. Аз он ҷумла корхонаҳои саноати ҶММ “Реал” ба маблағи 2684,6 ҳазор сомонӣ, ҶММ “Фучен Миндонг”- 413,2 ҳазор сомонӣ, ҶММ “Равзана Пластик”- 2419,0 ҳазор сомонӣ, ҶММ “Некон” ба маблағи - 207,5 ҳазор сомонӣ, КМ “Силкоат Бойя”- 6167,1 ҳазор сомонӣ, КМ “ Стар Пласт”- 8650,6 ҳазор сомонӣ, ҶММ “Сохтмони идоракунии №-1” 80,1 ҳазор сомонӣ, ҶММ КМ “Офарин алюминиум”-7988,8 ҳазор сомонӣ, ҶММ “Саҳи Хуҷанд”- 812,0 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2013 дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”, ҶММ “Дусти Амирхон” ба маблағи 439,2 ҳазор сомонӣ, ҶММ КМ “Скорут Таҷ”- 200,0 ҳазор сомонӣ, ҶММ КМ “Офарин Алюминиум”- 9076,4 ҳазор сомонӣ, филиали ҶММ “ Триада” – 1426,8 ҳазор сомонӣ, ҶММ “Кристал Мозаик”- 653,0 ҳазор сомонӣ, ҶММ “ Насоскомплект” ба маблағи -736,5 ҳазор сомонӣ, ҶММ”Хизмати”- 80,9 ҳазор сомонӣ, ҶММ “Азияхимпродукт” ба маблағи 556,1 ҳазор сомонӣ корҳои хизматрасонии пулакӣ ва гардиши савдоро иҷро намуданд.

Минтақаи озоди иқтисодӣ “Данғара”

Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҷойгир буда, масоҳати он 521,3 гектарро ташкил медиҳад. Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2013 дар Минтақаи озоди иқтисодии”Данғара”, ҶСШП “Ю и Ф сервис” ба маблағи 265,7 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст.

Минтақаи озоди иқтисодӣ “Ишкошим”

Минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ ҷойгир буда, масоҳатион 200 гектарро ташкил медиҳад. Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2013дар Минтақаи озоди иқтисодии Ишкошими ВМКБ барои сохтмони иншоотҳо 396, 4хазор сомонӣ маблағ аз худ карда шудааст.

Минтақаи озоди иқтисодӣ “Панҷ”

Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ”дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон ҷойгир буда, масоҳати он 401,6 гектарро ташкил медиҳад. Дар Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ”6 субъект ба қайд гирифта шудааст, вале истеҳсоли маҳсулот ба қайд гирифта нашудааст.