Тоҷикӣ | Русский | English        | Харитаи сомона
twitter facebook rss

Муовинони вазир


ЗОҲИДӢ НИЗОМИДДИН ШАМСИДДИНЗОДА
Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 июни соли 1957 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор; Рутбаи дипломатии Фиристодаи Фавқулода ва Мухтори дараҷаи 1 дорад.

ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:

Солҳои 1979-1981 - тарҷумони забони арабӣ дар Ироқ, ш. Бағдод;
Солҳои 1981-1983 - лаборанти Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе;
Солҳои 1983-1984 - муҳаққиқ-коромӯзи Шуъбаи Ленинградии Институти шарқшиносии Иттиҳоди Шӯравӣ, ш. Ленинград;
Солҳои 1984-1987 - аспиранти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе;
Солҳои 1987-1990 - ходими хурди илмии Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе;
Солҳои 1990-1992 - котиби илмии Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе;
Солҳои 1992-1998 - мудири шуъбаи Маркази илмии Хуҷандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Хуҷанд;
Солҳои 1998-1999 - ҷонишини директори Маркази пажӯҳиши тамаддуни давраи Сомониён, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, ш. Хуҷанд;
Солҳои 1999-2000 - директори Маркази пажӯҳиши тамаддуни давраи Сомониён, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, ш. Хуҷанд;
Солҳои 2000-2001 - Ноиби ректор оид ба бахши тарбияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, ш. Хуҷанд;
Солҳои 2001-2010 - Ноиби ректор оид ба бахши илми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, ш. Хуҷанд;
Моҳҳои март-октябри соли 2010 - Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, ш. Хуҷанд;
Солҳои 2010-2016 Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз 2 феврали соли 2016 Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Забонҳои арабӣ, русӣ ва форсиро медонад.

Оиладор, соҳиби се фарзанд.

 

ҲAҚДОД МАҲМАДШАРИФ МАҲМУД
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон


15 марти соли 1959 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ, Доктори илмҳои техникӣ, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  буда, дорои Рутбаи  давлатии  Мушовири  дараҷаи 1 мебошад.  

ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:

Солҳои 1979-1980 - лаборанти кафедра дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Душанбе;   

Солҳои 1981-1985 - ассистенти кафедра дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Душанбе;

Солҳои 1985-1986 - коромӯз-таҳқиқотчии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар Донишкадаи  пўлод ва хулаҳои шаҳри  Москва, Федератсияи Россия;

Солҳои 1986-1989 - аспиранти Донишкадаи пӯлод ва хулаҳои шаҳри  Москва, Федератсияи Россия;

Солҳои 1986-1988 - ходими хурди илмии Донишкадаи пӯлод ва хулаҳои шаҳри  Москва, Федератсияи Россия;

Солҳои 1989-1993 - ассистент, муаллими калон, муовини декани факульта, иҷрокунандаи вазифаи дотсент, дотсент, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра, мудири кафедра дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Душанбе;

Солҳои 1993-1997 - сардори инспексияи махсуси назорати давлатӣ оид ба экспертизаи давлатии экологии Вазорати ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе;

Солҳои 1997-2002 -  муовини аввали Раиси кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои саноат, ш. Душанбе;

Солҳои 2002-2003 -  директори техникии Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ш. Душанбе;

Солҳои 2003-2005 - мудири шӯъбаи саноат ва энергетикаи Дастгоҳи  иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе;   

Солҳои 2005-2006 - муовини аввали Вазири саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе;

Солҳои 2006-2010 -  муовини Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе;

Солҳои 2010-2014 - вакил - Раиси комиссияи экологӣ, аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе;

Солҳои 2014-2015 - муовини Котиби генералии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ш. Пекин.

Аз 2 феврали соли 2016 Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз феврали соли 2016 Ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай.

Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.
Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд.

 

ҲУСЕЙНЗОДА МУЗАФФАР МАҲМУРОД
МУОВИНИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН



18 августи соли 1975 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст,  тоҷик, маълумоташ олӣ. Рутбаи дипломатии Фиристодаи Фавқулода ва ваколатдори дараҷаи 1 дорад.

Маълумот:

Солҳои 1992- 1997- донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
Солҳои 1997-1999- шунавандаи Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия;

ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:

Солҳои 1999-2000- Муовини Сардори Раёсат- Оҷонсӣ доир ба дастгирӣ ва рушди соҳибкории хурди назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 Солҳои 2000-2002 - котиби саввум, котиби дуввуми Раёсати кадрҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2002-2005 - котиби дуввуми Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия;
Солҳои 2005-2008- мудири шӯъбаи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2008-2011- Сардори Раёсати созмонҳои  байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2011-2016- Сафири Фавқулода ва Мухтори  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
Солҳои 2014-2016- Сафири Фавқулода ва Мухтори  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия, бо қароргоҳ дар ш. Тошканд;

Аз 29 марти соли 2016 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.