Тоҷикӣ | Русский | English        | Харитаи сомона
twitter facebook rss

Иқтисоди Тоҷикистон


Нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ дар соли 2012


ММД 36161,1 млн.сомонӣ (107,5% нисбат ба 2011)

ММД дар ҳар сари аҳолӣ 4,6 ҳазор сомонӣ (118,6% нисбат ба 2011)

Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 9797,5 млн.сомонӣ (110,4% нисбат ба 2011)

Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ 16477,5 млн.сомонӣ (110,4% нисбат ба 2011)

Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ 8954,2 млн.сомонӣ (115,3% нисбат ба 2011)

Таваррум дар бахши истеъмолӣ 5,8% ( нисбат ба 2011)

Гардиши савдои хориҷӣ 5137,6 млн.доллари ИМА (115,1% нисбат ба 2011)

    мамолики ИДМ 2310,9 млн.доллари ИМА (114,6% нисбат ба 2011)
    мамолики хориҷӣ дур 2826,7 млн.доллари ИМА (115,5% нисбат ба 2011)

Содирот 1359,4 млн.доллари ИМА (108,1% нисбат ба 2011)

Воридот 3778,2 млн.доллари ИМА (117,8% нисбат ба 2011)

Имрӯз Тоҷикистон узви фаъол, эътирофшуда ва соҳибэҳтироми ҷомеаи байналмилалист ва мақоми шоистаи худро дар олами зудтағйирёбандаи муосир таҳким бахшида, ҳама гуна ҳамкориҳои судмандро бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҷонибдорӣ менамояд.
Дар тӯли 20 соли соҳибистиқлолӣ яке аз дастовардҳои муҳим дар ҷодаи сиёсати иқтисоди хориҷии кишвар ин шинохта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлолу демократӣ дар арсаи байналмилалӣ, барқарор намудани муносибатҳои дипломативу тиҷоратӣ бо мамлакатҳои ҷаҳон, узвият дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 100 кишвари дунё робитаҳои тиҷоратию иқтисодиро барқарор намудааст.Дар шароити ҷаҳонишавии бозорҳо ва пайваста таҳким ёфтани ҳамгироии иқтисодиёти кишварҳои олам дар доираи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳеҷ як давлати дунё наметавонад дар канор монад. Дар ин замина корҳои зиёд барои ҳамгироии кишварамон дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва махсусан бо Иттиҳоди иқтисодии Евразия (ЕврАзЭС), Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (ШОС) ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ба анҷом расонида шуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли ҷорӣ 159-умин давлати узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардид. Бо ҳамин раванди ҳамроҳшавии кишвар ба ҳамаи созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ба анҷом расид. Узвияти Тоҷикистон дар ин созмони бонуфуз ба истеҳсоли маҳсулоти тайёри дорои сифати баланди мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва қобили рақобат такони ҷиддӣ бахшида, инчунин ба зиёд шудани гардиши савдои хориҷӣ, фоидаовар гардидани истеҳсоли молҳои ватании ба содирот нигаронидашуда, болоравии маърифатнокии соҳибкорони ватанӣ ва афзоиши сармоягузории хориҷӣ мусоидат менамояд.

Муносибатҳои Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки таҷдиду рушди Аврупо, Бонки осиёии рушд, Бонки рушди исломӣ ва як теъдод хазинаву фондҳои кишварҳои мухталиф хеле созандаву муваффақона сурат мегиранд. Тоҷикистон аз дидгоҳи сиёсати хориҷии «дарҳои кушода» омодагии худро ба густариши бештари муносибатҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои Ғарбу Шарқ ва олами ислом таъкид намуда буд.Тоҷикистон барои афзоиши ҳаҷми сармоягузориҳои кишварҳои Россия, Хитой, Америка, Аврупо, ҷаҳони ислом ва дигар давлатҳо саъю талош намуда, хоҳони густариши равобити устувори дуҷониба ва бисёрҷонибаи байнидавлатӣ бар пояи прагматизми иқтисодӣ ва ҳусни тафоҳум мебошад.

Тайи 22 соли соҳибистиқлолӣ сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши муносибатҳои иқтисоди хориҷӣ ба бунёди муҳити созгор барои ҷолиби сармоягузорӣ, зина ба зина идома додани раванди озодкунии савдо, кам кардани монеаҳои тарифӣ ва аз байн бурдани монеаҳои ғайритарифӣ дар савдои хориҷӣ, мусоидат ба рушди тиҷорат, ҳаллу фасли мушкилоти ҳамлу нақл ва интиқоли транзитии молҳо ҷиҳати мусоидат намудан ба рушди бемайлони тиҷорат равона гардидааст.

Дар ин давра Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, якчанд ҳуҷҷатҳои асосии стратегии кишвар, ки афзалият ва самтҳои умумии сиёсати иқтисодии иҷтимоии давлатро муайян менамоянд, қабул намуд. Аз он ҷумла, Стратигияҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007-2009, 2010-2012, Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯ аҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015, Барномаҳои давлатии сармоягузорӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои 2011-2013, 2012-2014, 2013-2015 ба вуҷуд омадаанд. Ин ҳуҷҷатҳои стратегӣ мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути таъмини рушди устувори иқтисодӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, диверсификатсияи истеҳсолот, инчунин, таҳкими имконияти содиротии мамлакат, беҳтар сохтани фазои сармоягузоӣ, дастгирии соҳибкорӣ,ҳифзи иҷтимоииаҳолӣ, инкишофи бозори меҳнат ва таҳкими нерӯи инсониро дора.

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мӯътадилсозии нишондиҳандаҳои макроиќтисодї афзоиши дараљаи таваррум боздошта шуда, фарќияти ќурби асъор кам карда шуд. Аз соли 1997 сар карда, болоравии ММД ба назар расид.Таъмиқи минбаъдаи ислоҳоти иқтисодӣ, фарогирии соҳаҳои нави иқтисодиёт, татбиқи вазифаҳои стратегӣ ва барномавӣ, андешидани тадбирҳо оид ба таъмини суботи макроиқтисодӣ имконият дод, ки аз соли 2000 сар карда дар кишвар суръати баланди рушди иқтисодӣ таъмин гардад: дар давраи солҳои 2000-2005 афзоиши ҳарсолаи ММД 9,4 фоизро ташкил дод; таваррум то 7,1 фоиз паст фаромад; қарзи беруна, ки дар соли 2000 нисбат ба ММД 108 фоизро ташкил дода буд, нисбат ба ММД то 38,9 фоиз кам гардид.

Суръати баланди барқарорсозии иқтисодиёт, ноил гардидан ба устуворӣ дар сатҳи макроиқтисодӣ дар 5 сол (1999-2003) имконият дод, ки сатҳи камбизоатӣ аз 81 фоиз дар соли 1999 то 64 фоиз дар соли 2003 паст карда шавад.

Нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии дар солҳои 2007-2012
  2007 2008 2009 2010 2011 2012
ММД (млн. сомонї) 12804,4 17706,9 20628,5 24704,7 30069,3 36161,1
ММД (бо % афзоиш) 107,8 107,9 103,9 106,5 107,4 107,5
Таваррум (бо %) 21,5 20,4 6,4 6,5 12,5 5,8
Гардиши савдои хориҷӣ 4015,3 4681,3 3579,9 3853,1 4443,3 5134,6
Содирот 1468,1 1408,7 1010,3 1195,3 1256,9 1359,4
Воридот 2547,2 3272,6 2569,6 2657,8 3186,4 3778,2

Сарфи назар аз таъсири манфии буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва дигар мушкилоти мавҷуда Ҳукумати Тоҷикистон тавонист, ки иҷрои барномаҳои қабулкардаи худ ва рушди тадриҷии иқтисоди миллиро дар ҳафт соли охир таъмин намояд. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 9,3 миллиард сомонии соли 2006 то ба 36,2 миллиард сомонӣ дар соли 2012 афзуда, суръати афзоиши воқеии солонаи он ба ҳисоби миёна 7 фоизро ташкил дод, ки ин аз рушди устувори иқтисодиёти мамлакат шаҳодат медиҳад. Дар ин давра, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аз 1335 то 4580 сомонӣ ё 3,4 баробар зиёд гардид. Даромадҳои пулии аҳолӣ 4,2 баробар, ҳаҷми пасандозҳо чоруним ва маоши миёнаи воқеии як корманд панҷуним баробар афзоиш ёфт. Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ дар ҳафт соли охир аз 1,7 миллиард сомонӣ то ба 12,2 миллиард сомонӣ дар соли 2013 афзоиш ёфт, ки нисбат ба соли 2006-ум беш аз 7 баробар зиёд мебошад. Ин нишондиҳандиҳанда дар муқоиса бо соли 2000-ум, ки 226 миллион сомониро ташкил дода буд, 54 баробар зиёд мебошад. Пайваста ба афзоиши ҳаҷми буҷети давлатӣ маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ зиёд карда мешавад ва дар соли ҷорӣ он 6,4 миллиард сомонӣ ё зиёда аз нисфи буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Агар дар соли 2006 ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ 903 миллион сомониро ташкил карда бошад, пас ин рақам дар соли 2013-ум нисбат ба соли 2006 –ум 7 баробар зиёд мебошад. Аз ҷумла маблағгузории соҳаи маориф 6,7 баробар, тандурустӣ 8,6, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 6,8, фарҳангу варзиш ва хизматрасониҳо ба аҳолӣ 7,1 баробар афзоиш ёфтааст. Дар натиҷаи амалишавии чораҳои зикргардида сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат аз 81 фоизи соли 1999-ум то 38 фоиз паст гардид, яъне қариб 45 банди фоизӣ коҳиш дода шуд. Паст шудани сатҳи камбизоатӣ асосан натиҷаи рушди иқтисодӣ ва таъмин гардидани суботи макроиқтисодиву иҷтимоӣ мебошад.

Вазъи иқтисодӣ ва гардиши савдои хориҷӣ дар солӣ 2012

Ҳаҷми ММД дар соли 2012 36,2 млрд. сомониро ташкилдода, рушди воқеии он ба 7,5 фоиз расид.



Динамикаи рушди ММД (д1.)



Афзоиши он бештар дарсоҳаҳои гардиши савдои чакана 19,6 фоиз, хизматрасонии пулӣ 15,3фоиз, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва саноат 10,4 фоиз вакоҳишёбии сохтмон 24,4 фоиз ба қайд гирифта шуд. Нишондиҳандаи ММД ба ҳар сари аҳолӣ дарр интиҳои соли ҳисоботӣ 4,6ҳазор сомониро ташкил намуд,ки нисбат ба соли қаблӣ 18,6 фоиз зиёд мебошад.

Дар соли 2012 рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ асосан аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ 1,7 маротиба, маснуоти чармӣ 49,4 фоиз, маснуоти резинӣ ва пластмасӣ 43,5 фоиз, нассоҷӣ ва дӯзандагӣ 28,7 фоиз, коғаз ва фаъолияти табъу нашр 28,5 фоиз, коркарди чӯбу тахта ва истеҳсоли маснуот аз чӯб 23,8 фоиз, маҳсулоти кимиё 9,4 фоиз, истихроҷи маводи ғайриэнергетикӣ 23,7 фоиз, истихроҷи маводи энергетикӣ 26,9 фоиз ва маҳсулоти хӯрокворӣ 5,4 фоиз ба вуқуъ пайваст.

Афзоиши маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ аз ҳисоби зиёдшавии истеҳсоли намудҳои асосии маҳсулоти растанипарварӣ, ба монанди меваҷот 19,4 фоиз, картошка 14,8 фоиз, ғалладона 12,2 фоиз, полизӣ 9,9 фоиз, сабзавот 8,1 фоиз ва ангур 8,0 фоиз ба амал омад. Аз намудҳои алоҳидаи маҳсулоти чорводорӣ афзоиши истеҳсоли тухм 14,5 фоиз, гӯшти чорво ва мурғ 7,5 фоиз ва истеҳсоли шир 11,8 фоиз мушоҳида гардид. Аз рӯи ҷамъбасти соли 2012 ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ 101,7 фоиз иҷро гардида, 9,6 млрд. сомониро ташкил намуд.

Аз рӯи ҷамъбасти соли 2012 маълумоти Вазорати молия ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ 101,7 фоиз иҷро гардида, 9,6 млрд. сомониро ташкил намуд.Хароҷотҳои умумии буҷети давлатӣ дар ин давра 9,1 млрд. сомониро ташкил доданд, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 5,9 фоиз зиёд мебошад.

Ҳаҷми умумии хизматрасонии пулӣ ба аҳолӣ 8,9 млрд. Сомониро ташкил, ки 15,1 фоиз аз ҷониби бахши давлатӣ ва 84,9 фоиз аз тарафи корхонаҳои гайридавлатӣ пешниҳод гардидааст. Ҳиссаи зиёди хизматрасониҳо ба соҳаҳои хизмати маишӣ 40,4 фоиз, нақлиёти мусофирбар 22,7фоиз, алоқа 13,8 фоиз, маориф 8,1 фоиз, хизмати тиббӣ 2,7 фоиз ва дигар хизматҳои пулӣ 12,3 фоиз рост омад.

Нишондиҳандаи ММД ба ҳар сари аҳолӣ дарр интиҳои соли 2012 4,6 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 18,6 фоиз зиёд мебошад.

Гардиши савдои хориҷӣ дар соли 2012 ҳисоботӣ 5,1 млрд. долл. ИМА-ро ташкил намуда, нисбат ба соли қаблӣ 15,1 фоиз афзоиш ёфт. Азҷумла, афзоиши гардиши савдо бо кишварҳои хориҷаи наздик 14,6фоиз ва бо кишварҳои хориҷаи дур 15,5 фоизро ташкил намуд.

Тавозуни савдо дар соли ҳисоботӣ манфӣ ташаккул ёфта, касри он 2,4 млрд.долл. ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 24,1 фоиз зиёд мебошад. Раванди мазкур асосан дар натиҷаи коҳишёбии нархи маҳсулоти содиротӣ дар бозорҳои ҷаҳони ва болоравии нархи маҳсулоти содиротӣ дар бозорҳои ҷаҳони ва болоравии нархи маҳсулоти воридшаванда,бахусус маҳсулоти хӯроквори, сӯзишвори ва инвеститсионӣ ба вуқуъ пайваст.

Содироти молҳо дар соли ҳисоботӣ муътадил рушд ёфта, ҳаҷми он 1,4 млрд.долл.ИМА-ро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли қаблӣ 8,1 фоиз зиёд мебошад. Афзоишёбии ҳаҷми он бештар аз ҳисоби зиёд гардидани содироти васоити нақлиёт 100,9 фоиз, маҳсулоти маъдани 100,3 фоиз, филизоти қиматбаҳо 58,7 фоиз, маснуоти бофандагӣ 11,6 фоиз ва маснуот аз санг 9,1 фоиз ба амал омад,ки бо болоравии талаботи онҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста мебошад.

Содироти мол асосан аз мамлакатҳои зерин сурат гирифтааст: Туркия - 36,6 фоизи (493.3млн.дол.ИМА) ҳаҷми умумии содирот, Афғонистон - 14,1 фоиз (192,2 млн.дол.ИМА), Чин - 13,3 фоиз, (181,0млн.дол.ИМА), Россия - 7,9 фоиз (106,8 млн.дол.ИМА), Қазоқистон – 7,5 фоиз (101,5млн.дол.ИМА), Швейтсария - 6,7 фоиз (90,5 млн.дол.ИМА) Эрон - 4,9 (66 млн.дол.ИМА), Покистон - 1,9 фоиз (26,5 млн.дол.ИМА), Латвия – 1,5 фоиз (20,5 млн.дол.ИМА) ва ғайраҳо 5,9 фоиз.


Диаграммаи сохтори ҷуғрофии содирот (д2)



Воридоти мол асосан аз мамлакатҳои зерин сурат гирифтааст: аз Россия - 25,4 фоизи ҳаҷми умумии воридот (960,6 млн.дол.ИМА), аз Қазоқистон - 16,0 фоиз (604,2 млн.дол.ИМА), Чин - 12,9 фоиз (181,0 млн.дол.ИМА), ИМА - 5,1 фоиз (193,9 млн.дол.ИМА), Туркманистон - 4,1 фоиз (154,8 млн.дол.ИМА), Эрон - 4,0 фоиз (151,4 млн.дол.ИМА), Литва - 3,8 фоиз (143,2 млн.дол.ИМА), Туркия - 2,8 фоиз (107,1 млн.дол.ИМА) ва ғайраҳо 26 фоиз (982,2 млн.дол.ИМА).


Диаграммаи сохтори ҷуғрофии воридот (д3)



Қурби расмии пули миллӣ дар давоми сол тағйирёбии муътадил дошта, нисбати доллари ИМА аз 4,7585 сомонӣ дар ибтидои сол то 4,7644 сомонӣ дар интиҳои сол ё худ 0,1 фоиз тағйир ёфт.