Тоҷикӣ | Русский | English        | Харитаи сомона
twitter facebook rss

Роҷеъ ба изҳороти ҳукумати Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея


Изҳороти ҳукумати Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея дар бораи озмоиши бомби ҳидрогенӣ 6 январи соли 2016 боиси таассуфи амиқ аст ва ин гуна иқдомҳо на танҳо муҷиби афзоиши танишҳо дар нимҷазираи Корея мебошад, балки сулҳ ва амнияти ҷаҳониро низ ба чолиш мекашад.

Дар ин робита Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ҷонибдории худро аз изҳоротҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки ҷоҳталабиҳои ҳаставии ҶХДК-ро маҳкум мекунанд, иброз дошта, ин кишварро барои иҷрои содиқонаи қатъномаҳои дахлдори Шӯрои Амнияти СММ ва идомаи музокироти созанда дар формати маъруфи шашҷониба даъват менамояд.