Тоҷикӣ | Русский | English        | Харитаи сомона
twitter facebook rss

Ҷадвали қабули шаҳрвандон


 

Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори таркибии дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Вазифа ва ӯҳдадориҳои Раёсати консулӣ:

- барасмиятдарорӣ ва таҳияи раводид ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ;

- барасмиятдарорӣ, таҳия, иваз намудан, бекор кардани шиносномаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- баррасии ариза ва муроҷиати шаҳрвандон нисбати талаби ҳуҷҷатҳо;

- иҷрои таъйиди консулии ҳуҷҷатҳо ва санадҳо.

Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ ба намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ – хизматрасонии консулиро ба анҷом мерасонад.

Ҳамаи дархост ва ҳуҷҷатҳое, ки ба хизматрасонии консулӣ вобаста мебошанд, бевосита дар Раёсати консулӣ, дар суроғаи: кӯчаи Пушкин 34, дар рӯзҳои корӣ аз соати 08-30 то 11-00 қабул гардида, ба қайд гирифта мешаванд.

Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули мизоҷонро оид ба масъалаҳои хизматрасонии консулӣ бо тартиби зерин ба роҳ мондааст:

 

Қабули ҳуҷҷатҳо

Эзоҳ

Душанбе - Ҷумъа

аз 08.30 то 11.00

Барои ҳамагон, ҳамарӯза, ба ғайр аз рӯзҳои истироҳатӣ

Қабули намояндагиҳои дипломатӣ

ва ташкилотҳои байналмилалӣ

Намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ бе навбат, аз равзанаи алоҳида қабул карда мешаванд

 Душанбе  

аз 09.30 то 12.00

 

 Панҷшанбе 

аз 09.30 то 12.00

 

Ҷумъа

аз 09.30 то 12.00

 

Қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои

гирифтани ҷавоб ба мактубҳо

 

 

Душанбе

аз 14.00 то 17.00



Дар вақти нишондодашуда танҳо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қабул карда мешаванд

Чоршанбе

Ҷумъа 

 Телефонҳо барои тамос:
- таҳияи раводид: 227-56-66;
- таҳияи тасдиқи даъват: 227-56-66;
- таҳияи шиносномаҳои хориҷии умумишаҳрвадӣ: 227-56-66;
- таҳияи шиносномаҳои биометрии хориҷӣ: (37) 884-24-24;
- таъйиди ҳуҷҷатҳо: 227-56-66;
- бақайдгирии ҳуҷҷатҳо: 221 -60-34;

- телефони боварӣ: 221-15-60.

E-mail: consulardep@mfa.tj