Тоҷикӣ | Русский | English        | Харитаи сомона
twitter facebook rss

25 – солагии барқароршавии робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин


4 январи соли 2017 дар Донишкадаи тадқиқоти Россия, Европаи Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин Конфронси илмӣ бахшида ба 25 – солагии барқароршавии робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

Чорабинӣ аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Департаменти ҳамкории байналмилалии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин бо иштироки Донишкадаи тадқиқоти Россия, Европаи Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ва дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Чин ташкил карда шуд.

Конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ Директори Донишкадаи тадқиқоти Россия, Европаи Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ профессор Ли Юйтсюань кушода эълон намуд. Дар конфронс бо суханҳои табрикотӣ Муовини сардори Департаменти ҳамкории байналхалқии Академияи илмҳои иҷтимоӣ Ху Лэмин, Ёвари Вазири корҳои хориҷии Чин Ли Хуэйлай, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода, Муовини Раиси Ҷамъияти халқии дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ Сун Тсзинву ва муовини Котиби генералии Созмони Ҳамкории Шанхай Ван Кайвэнь баромад карданд. Ҳама баромадкунандагон аҳамияти калони таърихӣ доштани “Эъломияи муштарак оид ба барқарор кардани робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин”-ро, ки 4 январи соли 1992 ба имзо расида буд, таъкид карданд. Махсусан қайд карда шуд, ки дӯстии таърихан ташаккулёфтаи мардумони ду кишвар дастоварди нодир ба шумор меравад, ки бо он метавон ифтихор кард ва мебояд аз пайи ҳифзу афзунгардонии он шуд.

Дар конфронс коршиносони машҳури чинӣ, олимони донишкадаҳои илмиву тадқиқотии Пекин ва Шанхай, собиқ сафирони Чин дар Тоҷикистон, сафирони Беларус, Қирғизистон, Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон, инчунин кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими Чин иштирок доштанд. 15 маърӯза бахшида ба вазъи ҳозираи робитаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодиву фарҳангӣ, шарокати стратегӣ ва натиҷаву дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Чин шунида шуд. Чорабинӣ таваҷҷуҳи калонро ҷалб кард ва аз ҷониби намояндагони васоити ахбори оммаи Чин ба таври васеъ паҳн гардид.