Тоҷикӣ | Русский | English        | Харитаи сомона
twitter facebook rss

Cупоридани эътимоднома ба Директори генералии ИРЕНА


15 декабри соли 2017 маросими супоридани эътимодномаи  Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Агентии байналмилалии неруи таҷдидшаванда (ИРЕНА) Баҳодур Шарифӣ ба Директори генералии он  Аднон Амин баргузор гардид.

Қабл аз маросими супоридани Эътимоднома суҳбати Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори генералии IRENA доир гардид, ки дар он масъалаи таҳким ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши гидроэнергетика, энергияи таҷдидшаванда ва роҳҳои пешбурди он  мавриди муҳокима қарор гирифт.

Зимни сӯҳбат ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар доираи ин созмон таҳким бахшида, ҷиҳати тақвият додани рушди энергияи таҷдидшаванда  корро дар ин самт пурзур намоянд. Ҳамзамон  Директори генералии ИРЕНА ба Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Агентии байналмилалии нерӯи таҷдидшаванда дар фаъолиятҳои ояндаи касбиаш пешравӣ ва муваффақиятҳоро таманно намуд.