Тоҷикӣ | Русский | English        | Харитаи сомона
twitter facebook rss

Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ


25 ноябри соли 2016 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 2-умин Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ, ки бо ташаббуси Ҷамъияти мардумии Чин оид ба дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ дар шаҳри Хайкоуи музофоти Хайнани  Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шуд, ширкат намуданд. Дар ин Форум атрофи ҳамкориҳои Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ, бахусус дар заминаи тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ табодули назар сурат гирифт.  

Ҳайати Тоҷикистон инчунин ба иштирокчиёни Форум имкониятҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва туристии кишварро муаррифӣ намуда.

Дар Форум ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, роҳбарияти музофоти Хайнан ва Ҷамъияти мардумии Чин оид ба дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ, намояндагони вазорату идораҳо, соҳибкорон, олимон ва коршиносон, намояндагони аҳли тиҷорат ва ВАО иштирок намуданд.