Тоҷикӣ | Русский | English        | Харитаи сомона
twitter facebook rss

Имзои Ёддошти тафоҳум дар мавриди ҳамкориҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Кундуз


Дар ҳошияи сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 феврали соли 2017 дар ҳузури вазирони корҳои хориҷии ду кишвар маросими имзои Ёддошти тафоҳум дар мавриди ҳамкориҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Кундузи Афғонистон баргузор шуд.

Имзои ин санад шароити мусоидро барои тавсеаи табодули таҷриба дар соҳаи маориф, илм, омода кардан ва такмили ихтисоси мутахассисон фароҳам меоварад. Протокол ҳамчунин ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва татбиқи тарҳҳои муштараки илмию таълимӣ, барқарор намудани робитаҳои судманд миёни доираҳои илмии ду кишвари ҳамсоя мусоидат мекунад.