Тоҷикӣ | Русский | English        | Харитаи сомона
twitter facebook rss

Иштирок ва суханронии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба 25-умин солгарди барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ


10 январи соли 2017 Сафири Тоҷикистон дар Чин П.Давлатзода дар чорабинии тантанавӣ ва фарҳангӣ бахшида ба 25-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки бо ибтикори Ҷамъияти  халқии Чин оид ба дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ дар қароргоҳи ҳуқуматии “Дяодутай”-и шаҳри Пекин баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар маросими кушодашавии чорабинӣ Муовини Раиси Кумитаи Умумичинии Шӯрои мардумии сиёсии машваратии Чин ҷаноби Луо Фухэ, Раиси Ҷамъияти мардумии Чин оид ба дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ хонум Ли Сяолинг ва сафирони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Чин суханронӣ намуданд.