Тоҷикӣ | Русский | English        | Харитаи сомона
twitter facebook rss

Иштироки Президент дар мулоқоти роҳбарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ


26 декабри соли 2016 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти роҳбарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар оғоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва ба наздикону пайвандони нафарони бар асари суқути ҳавопаймои ҳарбӣ-нақлиётӣ дар фазои Баҳри Сиёҳ ҳалокшуда ҳамдардӣ ва тасаллияти амиқ изҳор доштанд.

Иштирокчиёни мулоқот масоили мубрами марбут ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, аз қабили афзоиши хатари терроризму экстремизм, вазъи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон ва масъалаҳои вобаста ба таъмини амнияту субот дар қаламрави давлатҳои аъзои созмонро мавриди баррасӣ қарор дода, атрофи дурнамои ҳамкориҳои дастаҷамона дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мубодилаи афкор намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои созмонро ба масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии вазъи сиёсию низомӣ дар аксар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҷалб сохта, таъкид бар он доштанд, ки ҳолати мавҷуда аз давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ масъулияти бузурги таҳкими ҳамгироию муштаракот ва амалисозии тадбирҳои шадиди пешгирикунандаи ҳама гуна хатару чолишҳои минтақавӣ ва байналмилалиро беш аз пеш тақозо менамояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз роҳбарони давлатҳои аъзои созмон даъват ба амал оварданд, ки ба масъалаи муҳимияти ҳифз ва таҳкими сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамчун тадбири муҳим дар муборизаи муштарак бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ аҳамияти авалиндараҷа зоҳир намоянд.

Дар ҷаласа роҳбарони давлатҳои аъзои ин созмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Арманистон Серж Саргсян, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев иштирок намуданд.