Тоҷикӣ | Русский | English        | Харитаи сомона
twitter facebook rss

Иштироки Президент дар Саммити оби Будапешт


28 ноябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлати ташаббускори бузург дар масоили байналмилалии марбут ба об дар Саммити оби Будапешт иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар кори ин чорабинии муҳим доир ба масоили об ҳамчунин Президенти Маҷористон Янош Адер, Президенти Ҷумҳурии Маврикий, ҳамраиси Панели сатҳи баланд оид ба об хонум Амина Ғуриб Факим, Сарвазири Ҷумҳурии Халқии Бангладеш хонум Шайх Ҳасина, Раиси Маҷмааи Умумии СММ Питер Томпсон, Мудири иҷроия, роҳбари молиявии ва Бонки ҷаҳонӣ Йоахим Леви иштирок намуданд. Саммити оби Будапешт бо суханронии Президенти Маҷористон Янош Адер ва Паёми видеонавории Дабири кулли СММ Пан Ги Мун оғоз гардида сипас дар ҳузури иштирокчиёни он Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории Саммити оби Будапештро воситаи муҳими ҳамоҳангсозии талошҳои муштараки байналмилалӣ дар соҳаи об арзёбӣ карда аз нақш ва мақоми устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масоили марбут ба об дар минтақа ва ҷаҳон ёдовар шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир масъалаҳои вобаста ба обро дар чорчӯбаи Рӯзномаи глобалӣ фаъолона пеш бурда бо ташаббуси он ва як қатор кишварҳои дигари ҷаҳон Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид солҳои гуногунро  Соли байналмилалии оби тоза, Даҳсолаи байналмилалии амали  “Об барои ҳаёт” барои солҳои 2005-2015 ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон кардааст.

Дар баробари ин ташаббусҳои бузург имрӯз низ Тоҷикистон дар ҳалли масоили марбут ба об дар минтақа ва ҷаҳон фаъолона иштирок намуда иқдому ташаббусҳои наву муҳимро дар ин самт пешниҳоди ҷомеаи ҷаҳонӣ менамояд.

Барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор оид ба об Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овардани заминаи мусоид ва имконоти муосирро дар ин самт зарур шуморида  ҷонибдории пешниҳодро доир ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалӣ таҳти унвони “Об барои рушди устувор” амали муҳими  башардӯстона арзёбӣ кардаданд.

Аз нигоҳи Сарвари давлати Тоҷикистон ин ташаббус заминаи мусоиди  таҳкими нақши об дар раванди ноил гаштан ба дигар ҳадафу мақсадҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашударо фароҳам оварда ба ҳамкории бештару зичтари давлатҳо дар соҳаи об мусоидат менамояд.

Бо назардошти ин Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи ҳозиринро барои таҳкими ҳамгироӣ дар роҳи истифодаи оқилонаи захираҳои гидроэнергетикӣ, беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ, самаранокии истифодаи захираҳои об ва ба роҳ мондани мудирияти ҳамгироёнаи онҳо, ҳифзи низоми экологии об, пешгирии хавфи сар задани бӯҳронҳои обиву хатари тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳои марбут ба об ҷалб намуданд.

Дар охир Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Саммити оби  Будапештро заминаи мусоид барои муҳокимаи созандаи ҷанбаҳои мубрами масъалаҳои вобаста ба об дар ҷаҳони муосир арзёбӣ карда изҳори боварӣ  намуданд, ки ин тадбир боз як марҳалаи муҳим дар раванди муттаҳид гардонидани талошҳои дастаҷамъонаи кишварҳои сайёра дар роҳи  расидан ба ҳадафҳои рушди устувори вобаста ба об хоҳад шуд.