Тоҷикӣ | Русский | English        | Харитаи сомона
twitter facebook rss

Ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар Остона


15-16 феврали соли 2017 дар шаҳри Остона ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии мазкур ҷониби Тоҷикистонро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Файзиддин Қаҳҳорзода ва ҷониби Қазоқистонро Муовини вазири энергетика Магауов Асет Маратович роҳбарӣ намуданд.

Дар кори ҷаласа намояндагони вазорату идораҳо ва субъектҳои хоҷагидори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок доштанд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар самтҳои асосии ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт, саноат, маориф ва илм, кишоварзӣ, муҳоҷират, об ва энергетика, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва сайёҳиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Комиссия ба тамоми мақомотҳои давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидори Тарафҳо тавсия дод, ки тадбирҳои заруриро барои тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобила ва фароҳам овардани муҳити мусоид барои афзун  намудани гардиши савдо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон  чораҳои зарурӣ андешанд.

Аз натиҷаи кори ҷаласа Протоколи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ба имзо расонида шуд.

Дар ҳошияи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ, вохӯрии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф.Қаҳҳорзода бо Вазири сармоягузорӣ ва рушди Ҷумҳурии Қазоқистон Ж.Касимбек доир гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаи ҷалби сармоя, ташкили корхонаҳои муштарак, инчунин афзоиши иқтидори ҳамкории самаранок, татбиқи лоиҳаҳои муштараки дорои хусусияти иқтисодӣ ва сармоягузорӣ доштаро баррасӣ карданд.