Тоҷикӣ | Русский | English        | Харитаи сомона
twitter facebook rss

Ҷаласаи якуми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Хитой оид ба сарҳади давлатӣ


27-29 декабри соли 2016 дар ш.Душанбе ҷаласаи якуми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Хитой оид ба сарҳади давлатӣ таҳти раисии Роҳбари қисми тоҷикистонии Комиссияи муштарак, Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдод ва Роҳбари қисми хитоии Комиссияи муштарак, намояндаи Вазорати корҳои хориљии Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба масъалаҳои сарҳад ва корҳои баҳрӣ Чжоу Сзян доир гардид.

Тарафҳо масъалаҳои дахлдори татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба низоми сарҳади давлатии Тоҷикистону Хитойро аз 5 июни соли 2012 баррасӣ карданд.

Аз натиҷаи љаласаи Комиссияи муштарак Протокол ба имзо расид.