Тоҷикӣ | Русский | English        | Харитаи сомона
twitter facebook rss

Машварати минтақавӣ дар Покистон оид ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028»


15 феврали соли 2017 дар ш. Исломобод бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати илму технологияи Покистон, Фонди илмии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Шӯрои Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба омӯзиши захираҳои обӣ Машварати минтақавӣ таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028» баргузор гардид, ки дар кори он доираи васеи намояндагони баландпояи вазорату идораҳои гуногуни кишвари муқим, мутахассисони Бонки Умумиҷаҳонӣ, Фонди илмии Созмони ҳамкории иқтисодӣ, олимон ва устодони донишгоҳҳо ва институтҳои тадқиқотӣ, инчунин коршиносони ташкилотҳои ғайридавлатӣ ширкат намуданд.

Дар оғоз дар назди иштирокчиёни Машварати минтақавии мазкур Сафири Тоҷикистон Ҷононов Ш.С., муовини вазири федеролии илм ва технологияи Покистон Муҳаммад Ашраф, Президенти Фонди илмии Созмони ҳамкории иқтисодӣ, профессор Манзур Сумру ва Раиси Шӯрои Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба омӯзиши захираҳои обӣ, профессор Муҳаммад Ашраф баромад намудаанд.

Аз ҷумла Сафири Тоҷикистон Ҷононов Ш.С. ба ҳозирон ҷиҳати иштирок дар Машварати минтақавии мазкур изҳори сипос намуда, гуфт, ки ин маърака давоми он ташаббусҳое мебошад, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида шудаанд. Вай гуфт, маҳз бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар санаи 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028» бо иттифоқи оро ва бо ҳаммуаллифии 177 кишвари узви СММ қабул намуд, ки ҷиҳати эҷоди заминаи устувор барои ҳамоҳангсозӣ ва ҳавасмандгардонии талошҳо ба мақсади ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба мудирияти масъалаҳои об мусоидат менамояд.

Баъдан дар дар рафти кори ин чорабинӣ гурӯҳҳои техникӣ ҷанбаҳои методологӣ, ташкилӣ, ҳуқуқӣ, илмӣ ва амалии татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028» дар сатҳи миллӣ баррасӣ гардида, дар хатми Машварати минтақавӣ пешниҳодҳои дахлдор қабул гардиданд.