Тоҷикӣ | Русский | English        | Харитаи сомона
twitter facebook rss

Мулоқот бо Сафири Афғонистон


5 январи соли 2017 Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадгул Залмай Юнусӣ мулоқот анҷом дод.

Дар рафти суҳбат атрофи масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Афғонистон ва таҳкими ҳамкориҳо дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амният табодули назари судманд сурат гирифт.