Тоҷикӣ | Русский | English        | Харитаи сомона
twitter facebook rss

Мулоқот бо Сафири ИМА


4 январи соли 2017 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) дар Тоҷикистон Элизабет Миллардро ба ҳузур пазируфт.

Зимни дидор ҷонибҳо сатҳи кунунии муносибатҳои Тоҷикистону ИМА-ро дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ карда, роҷеъ ба масоили ҳамкориҳои минтақавӣ ибрози назар намуданд.