Тоҷикӣ | Русский | English        | Харитаи сомона
twitter facebook rss

Мулоқоти С.Аслов бо ҳамтои қазоқистониаш


25 ноябри соли 2016 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Идрисов баргузор гардид.

Е.Идрисов дар ш.Душанбе дар чаҳорчӯби сафари кории худ оид ба масъалаи аъзогии Ҷумҳурии Қазоқистон дар Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад.

Дар рафти мулоқот масоили васеи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон, инчунин дурнамои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо, инчунин оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ ва ҳамкор дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.