Тоҷикӣ | Русский | English        | Харитаи сомона
twitter facebook rss

Мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Шӯрои Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба омӯзиши захираҳои обӣ


10 январи соли 2017 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Шералӣ Ҷононов бо Раиси Шӯрои Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба омӯзиши захираҳои об, профессор Муҳаммад Ашраф мулоқот намуд, ки дар рафти он маҷмӯи масъалаҳо оид ба истифодаи захираҳои об муҳокима гардиданд.

Профессор Муҳаммад Ашраф изҳор намуд, ки Покистон аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ қабул гардидани Қатънома оид ба эълони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028”-ро, ки ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, истиқбол менамояд. Таъкид гардид, ки ташаббуси мазкур ба пешрафти соҳаи дипломатияи об мусоидат карда, дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳамчун заминаи устувор дар ҳалли масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои об хидмат хоҳад кард.

Ҷонибҳо инчунин ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо ба мақсади ширкати муштарак дар татбиқи даҳсолаи мазкур изҳори омодагӣ намуданд.