Тоҷикӣ | Русский | English        | Харитаи сомона
twitter facebook rss

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар


13 феврали соли 2017 дар шаҳри Давҳа мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Ардашер Қодирӣ бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон ибни Саъд Ал-Мурейхӣ доир гардид.

Дар ҷараёни он мавзӯъҳои муҳими дорои эҳтимоми тарафайн, ба хусус рушди  ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қатар мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷумла ҷонибҳо қайд намуданд, ки сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомлӣ Раҳмон ба Давлати Қатар, ки 5-6 феврали соли 2017 сурат гирифт ба сатҳи муносибатҳои ҳамкорӣ ва дӯстонаи байни ду кишвар ва мардуми он сифат ва такони нав бахшид.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Қодирӣ раванди муносибатҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қатарро мусбат арзёбӣ намуда, ба Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон  ибни Саъд Ал-Мурейхӣ  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ҷиҳати таҳким ва тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар супурд.

Ҳамчунин, Сафири Тоҷикистон ба Султон  ибни Саъд Ал-Мурейхӣ - Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар Паёми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Асловро ба назири қатариаш Шайх Муҳаммад ибни Абдураҳмон Оли Сонӣ оид ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории мутақобилан судманди байни кишварҳо супорид.

Бо қаноатмандӣ аз мулоқот ва сӯҳбатҳои дӯстонаву судбахш ҷонибҳо, инчунин оид ба дигар масъалаҳои дорои  эҳтимоми якдигар табодули назар карда, барои боз ҳам густаришу таҳким ёфтани ҳамкорӣ ва муносибатҳои дуҷонибаи ҳарду кишвар изҳори умедворӣ намуданд.

http://www.qna.org.qa/en-us/News/17021314290043/HH-the-Emir-Receives-Written-Message-from-Tajikistan-President