Тоҷикӣ | Русский | English        | Харитаи сомона
twitter facebook rss

Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Афғонистон


Рӯзи 16 феврали соли 2017 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов  бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳуддин Раббонӣ ва инчунин таҳти роҳбарии онҳо машваратҳои дуҷонибаи ниҳодҳои сиёсати хориҷии ду кишвар баргузор шуданд. Вазири корҳои хориҷии Афғонистон бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Дар ҷараёни мулоқоти вазирон ва музокироти ҳайатҳо масоили марбут ба тавсеаи муносибатҳои дуҷониба ва мавзӯъҳои минтақавию байналмилалии мавриди эҳтимоми тарафайн баррасӣ шуданд. Дар партави дастурҳои роҳбарони олии ду кишвар ва тавофуқҳое, ки дар сатҳи олӣ ҳосил шудаанд, бар зарурати роҳандозии иқдомҳои муштарак ва тавсеаи пояи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳо ҷиҳати густариши беш аз пеши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика, коммуникатсия, ҳамлу нақл, кишоварзӣ, саноат, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф ва соҳаҳои дигар таъкид гардид.

Бо ишора ба аҳамияти ҳамкориҳо ва ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ дар таъмини рушди босуботи Афғонистон, татбиқи тарҳҳои зерсохторӣ ва барномаҳои иқтисодию энергетикии дорои аҳамияти миллию минтақавӣ зарур шуморида шуд.

Дар ин росто ҳамчунин нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба масоили иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Афғонистон муҳим арзёбӣ шуд.

Таъкид гардид, ки рушди ҳамкории ноҳияҳо ва вилоятҳои ҳаммарзи Тоҷикистон ва Афғонистон омили муҳимми тақвияти равобити гуногунҷанба ва мутақобилан судманди ду кишвар мебошад.  

Ҷонибҳо зарурати таҳкими ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар чолишҳои амнияти минтақа ва ҷаҳон тасдиқ намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвияти нақши нерӯҳои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро дар самти мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористию ифротгаро муҳим арзёбӣ менамояд.

Ҷонибҳо аз сатҳи баланди ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчубаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ҷонибдории худро аз узвияти комили Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар СҲШ иброз намуд.