Тоҷикӣ | Русский | English        | Харитаи сомона
twitter facebook rss

Номаи табрикотии Дабири кулли СММ Пан Ги Мун ба муносибати қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028


21 декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ (МУ СММ) қатъномаеро зери унвони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди усувор”, 2018-2028, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро ва қабул кард.

Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди усувор”, 2018-2028 пешниҳоди чаҳоруми ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои марбут ба об маҳсуб меёбад, ки бори аввал соли 2015 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа шуда буд.

Ба муносибати қабули Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028, Дабири кулли СММ ҷаноби Пан Ги Мун ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номаи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он омадааст:

“Ҷаноби олӣ,

Бо камоли эҳтиром шарафёбам Шуморо ба муносибати бо иттифоқи оро қабул шудани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 71/222 таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал Об барои рушди устувор”, 2018-2028, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, самимона табрик намоям.

Боварӣ дорам, ки даҳсолаи нав дар таҳким ва мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об қадами муҳим мешавад. Даҳсолаи мазкур инчунин дар таҳким ва вусъатбахшии дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 мусоидат намояд.

Илова бар ин, Даҳсолаи нав дар татбиқи иқдомҳои дигари марбут ба захираҳои об мусоидат карда, дар ҳалли мушкилоти имрӯза ва оянда, ки зимни татбиқи Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 ба миён омада метавонад, нақши назаррас хоҳад бозид.

Ҷаноби олӣ, ин фурсатро ҷиҳати таҷдиди изҳори ғояти эҳтиром ғанимат мешуморам”.

Бо эҳтироми самимӣ,    

Пан Ги Мун

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид