Тоҷикӣ | Русский | English        | Харитаи сомона
twitter facebook rss

Номаи тасаллият ба Вазири корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб


11 январи соли 2017 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷидин Аслов ба Вазири корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Абдулло ибни Зоид Оли Наҳён номаи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

Аълоҳазрат,

Хабари фоҷеабори фавтидани шаҳрвандони Амороти Муттаҳидаи Араб бар асари таркиши мудҳиш дар вилояти Қандаҳори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон боиси андуҳи беандозаву нигаронии амиқи мо гардид.

Куштори бераҳмонаи намояндагони муассисаҳои башардӯстонаи Амороти Муттаҳидаи Араб, ки бо мақсади расондани кӯмак ва бароварда намудани ниёзмандиҳои мардуми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Қандаҳор омада буданд, нишонаи он аст, ки қувваҳои аҳриманӣ бар зидди тамоми муқаддасоти инсонӣ меҷанганд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ин амали ғайриинсонии интиҳориро қатъиян маҳкум намуда, бори дигар зарурати муборизаи беамони дастаҷамъонаро алайҳи терроризм ва ифтротгароӣ таъкид менамояд.

Ҳамдардиву тасаллияти амиқи ин ҷонибро ба наздикону пайвандони қурбоншудагон изҳор намуда, ба осебдидагон шифои комил орзумандем.