Тоҷикӣ | Русский | English        | Харитаи сомона
twitter facebook rss

Қатънома таҳти унвони


21  декабри соли 2016 зимни ҷаласаи пленарии  Маҷмаи Умумии СММ қатънома таҳти унвони "Даҳсолаи байналмилалии амал "0б барои рушди устувор", солҳои 2018-2028, ки бо ташаббуси Тоҷикистон ва ҳаммуаллифии 177 кишвари аъзои СММ дар Кумитаи дуввуми МУ СММ пешбарй шуда буд, тасдиқ гардид.

Ҳамин тавр МУ СММ бо қарори нави худ иқдоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълони Даҳсолаи "Об барои рушди устувор", ки бори аввал дар Форуми Ҷаҳонии 0б дар Ҷумҳурии Корея ироа шуда буд, дастгирӣ кард.

Мутобиқи қатъномаи қабулшуда, Даҳсолаи Байналмилалии амал "0б барои рушди усутвор" рӯзи 22 марти 2018 (Рӯзи байналмилалии захираҳои об) оғоз ёфта, 22 марти 2028 ба анҷом мерасад. Даҳсолаи мазкур дар рушди устувор ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об, татбиқ ва пешбарии лоиҳаҳо ва барномаҳо дар соҳаи об, таҳкими ҳамкорй ва шарокат ҷиҳати татбиқи аҳдофи рушди устувори марбут ба захираҳои об мусоидат намуда, масъалаҳои таҳкими самаранокии истифодаи захираҳои об ва ҳамгироӣ байни захираҳои об, ғизо, энергия ва муҳити зистро фаро мегирад. Инчунин қатъномаи қабулшуда мудирияти ҷараёни тадорукот ва татбиқи Даҳсолаи мазкурро ба уҳдаи Дабири кулли СММ вогузор менамояд.