Тоҷикӣ | Русский | English        | Харитаи сомона
twitter facebook rss

Суханронии С.Раббонӣ дар назди кормандони Вазорати корҳои хориҷӣ


Дар ҳошияи сафари расмии хеш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ дар назди кормандони хадамоти дипломатии Тоҷикистон маъруза кард. Зимни суханронии худ С.Раббонӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Афғонистон дар марҳилаи муосир, дурнамои рушди равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон дар арсаҳои мухталиф ва мутақобилан судманд, инчунин ҳамкориҳои ду кишвар ва давлатҳои минтақаро дар самти мубориза алайҳи чолишҳои амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ шарҳ дод.