Тоҷикӣ | Русский | English        | Харитаи сомона
twitter facebook rss

Супоридани эътимоднома ба Президенти Ҷумҳурии Италия


13 феврали соли 2017 дар қасри Квириналеи Рим маросими супоридани эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Италия Исматулло Насрединов ба Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла баргузор гардид.    

Баъд аз маросими супоридани эътимоднома суҳбати Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Италия баргузор гардид, ки зимни он Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналхалқии ин кишвар Анҷелино Алфано ширкат варзид.

Дар рафти суҳбат И.Насрединов салому дуруди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмонро ба ҳамтои италиявиаш расонид. Президенти Ҷумҳурии Италия, дар ҷавоб изҳори сипос намуда, аҳаммияти таъйини Сафири Тоҷикистонро дар кишвари худ барои рушди робитаҳои дуҷониба таъкид кард.   

Ҳамсуҳбатҳо дурнамои муносибатҳои ду кишвари дӯстро дар самтҳои гуногун муҳокима намуданд.   
Дар анҷоми суҳбат Президенти Ҷумҳурии Италия ба роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон комёбиҳо ва пешравиҳоро таманно намуд.