Тоҷикӣ | Русский | English        | Харитаи сомона
twitter facebook rss

Супоридани эътимоднома ба Президенти Непал


21 декабри соли 2016 дар қасри Президенти Ҷумҳурии Фередативии Демократии Непал “Раштрапати Бҳаван” маросими супоридаи эътимодномаи Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал Мирзошариф Ҷалолов бо қароргоҳаш дар ш. Деҳлии Нав ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал хонуми олиҷоҳ Бидхя Деви Бхандарӣ баргузор гардид.

Пас аз маросими супоридани эътимоднома сӯҳбати Президент бо Сафир дар ҳузури вазирони калидии Ҳукумати Непал баргузор гардид, ки дар рафти он роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни ду кившар мубодилаи афкор сурат гирифт. Аз ҷумла, ба назардошти иқлиму мавқеи ҷуғрофии ду кишвар зарурати табодули таҷриба ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои дар соҳаҳои омӯзиши пиряхҳо ва бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ байни ду кишвар қайд гардид.

Дар поёни сӯҳбат Президенти Непал аз сафир хоҳиш кард, то дуруду паёми самимии ӯро ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарифи Тоҷикистон расонад.