Тоҷикӣ | Русский | English        | Харитаи сомона
twitter facebook rss

Вохӯрӣ бо сафири навтаъини Афғонистон


20 декабри соли 2016 Сафири навтаъини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Юнусӣ нусхаҳои эътимодномаи худро ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов тақдим намуд.

Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Афғонистон баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо майли мутақобилро ҷиҳати таҳкими беш аз пеши ҳамкориҳои созандаи ду кишвари ҳамҷавор дар ҳамаи заминаҳои мавриди эҳтимоми муштарак таъкид намуданд.  

Атрофи мавзӯъҳои ҳамкории минтақавӣ ва роҳҳои фаъолтар кардани кори абзорҳои дуҷонибаи байнисоҳавӣ ва комиссияҳои ҳамкории байни вилоятҳои ҳаммарзи ду кишвар табодули назар сурат гирифт.