Тоҷикӣ | Русский | English        | Харитаи сомона
twitter facebook rss

Вохӯрии Сафир ва Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муовини вазири иқтисоди Амороти Муттаҳидаи Араб


4 январи соли 2017 вохӯрии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар бо Муовини вазири иқтисоди Амороти Муттаҳидаи Араб, сарпарасти соҳаи сайёҳӣ ҷаноби Муҳаммад Хамис ал Маҳирӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои рушди робитаҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳон аз Амороти Муттаҳидаи Араб ба ҶумҳурииТоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар соли ҷорӣ ҷиҳати ҷалби сайёҳони аморотӣ чорабиниҳо бо ширкатҳои сайёҳӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо менамоянд.