Тоҷикӣ | Русский | English        | Харитаи сомона
twitter facebook rss

Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Раиси Шӯрои миллии федералии (парлумони) АМА


16 феврали соли 2017 дар Аморати Абу Забӣ вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Раиси Шӯрои миллии федералии (парлумони) АМА хонум Амал Абдулло Ал Қубейсӣ баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва АМА, бахусус роҳандозии робитаҳо ва ҳамкориҳои байнипарлумонӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, зарурати фаъол намудани фаъолияти Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб таъкид гардид.